Қавме, ки дар ‘маркази фалсафи — сиёсии тасмимгир’ дар фазои сиёсии Тоҷикистон ҷамъ шудаанд зарфият, қобилият ва имконияти шинохти вазъияти фарҳангӣ ва сиёсии вақти Тоҷикистон ва ҷаҳонро надоранд. Барои оғози ҳар гуна амалҳои созанда, сиёсат ё давлатдорӣ ташхис ва дарки ин вазъият зарур аст. Бо тасдиқи Кассирер ва дигарон номуваффақӣ дар фарҳанг ё пастии фарҳанг аст, ки ҳукуматҳо мушкилиҳои иҷтимоии мардумро нодида мегиранд ва аз ҳалли онҳо гурезонанд ва сиёсатро ва фаҳмиши сиёсатро то ба сатҳи пучӣ ( ad absurdum) мерасонанд. …
Эътироф накардани мухолифони сиёсӣ, ташкили бархурд байни арзишҳои динӣ ва миллии мардум ва байни фарҳангу таърих, танқиду таҳлили мушкилии ҷомеаро хатар ба амнияти мамлакат ҳисобидан ва муаллифонро душманони давлату миллат шинохтан, идора кардани ҷашну маросимҳои мардум то ба сатҳи дегҳои мардум ва дигар корҳо худ намунаи коҳиш додани сиёсати то ба сатҳи пучист. Ба хусус ин гуна сиёсатро зери шиори ‘баланд бардоштани зиракии сиёсии мардум’ дар ҳуҷумҳои бемаврид ба фарҳанги исломии мардум дидан мумкин аст, ки дар ин раванд онҳоро, яъне субъектҳои сиёсии давлатро ба як мавҷуди беиродаи фикр накунанда, дур аз шинохт, бетараф нисбат ба мушкилиҳои ҷомеаи худ ва ҷаҳон, заиф ва беқудрат дар баробари фасод ва беадолатӣ доранд “тарбият” мекунанд. …
Гузашта аз ин ду пояи аслии сиёсат, ки яке будани ахлоқ аст ва дигаре шинохти душмани аслии давлат, заиф шудаанд. Ин аз як тараф, раванди бемаънӣ шудани ҳаёт, шикастани иродаи мардум ва коста кардани ахлоқ аст ва аз тарафи дигар мардумро аз худ дур кардан ва дар дохил сафи эҳтимолии душманони ‘давлат’ -ро зиёд кардан аст. Ин ки маъниҳо дигар дар ҳаёти мардум кор намекунанд ва ё ин ки мардум умуман маъниҳоро дигар дарк намекунанд ҷои баҳс нест. Хусусан баъди пош хӯрдани Шӯравӣ арзишҳо, идеяҳо ва ормонҳои мардум ҳам пош хӯрданд ва зиёд мардум ин нуктаро қайд кардаанд, ки ҳаёт бемаънӣ шудааст. Аслан аз Шӯравии собиқ танҳо чорчӯбаҳои ҷомеа монда буданд ва дар ин сатҳ маъниҳои кӯҳна ҷоннок ва маъниҳои нав бояд кор мекарданд. Бо ҳарфи дигар, яъне сиёсати давлат бояд ҳаёти шикастаи мардумро барқарор карда барои ба сатҳи нави сифати гузаронидани ҳаёти мардум равона мешуд, ки мутассифона нашуд. Зеро ҳукумат ин зарфият ва қобилиятро надошт ва надорад….
Дар масъалаи шинохти душман ҳам ин сиёсат заифии худро исбот кард, ки намояндагони ‘маркази тасмимгир’ дар сатҳи фаҳмишҳои музофот ва ҳудудҳои эпистемологии аз Шӯравӣ боқи монда дуртар нарафтаанд. Масъалаи шинохти душман ба гуфти ҳуқуқшинос ва сиёсатшиносӣ олмони Карл Шмитт нуқтаи олии сиёсат, ки моро “мо” мекунад ва роҳи ақлонии чи кор карданро муаян месозад. …
Нуктаи муҳим дар ин баҳс ин аст, ки сиёсатмардони мо то ба ҳол дарк накардаанд, ки дар мамлакат то он ки ҷанги шаҳрвандӣ (ё ошкор ё пинҳон) давом дорад дар бораи вуҷуд доштани давлат ҳарф задан бемаънигист ва воқеан давлат он вақт пайдо мешавад, ки ҷанг байни шаҳрвандони як мамлакат ба охир расида бошад (бубинед Harle 2000, Schmitt 1976). Будани сиёсат ҳам аслан, ба гуфти Шмитт, байни давлатҳост на байни мардуми як мамлакат ва чунон ки шоҳидем сиёсатмадорони мо технологияи душмансозиро дар дохили мардуми ин кишвар дуру дароз давом додаанд, ки будани сиёсат, давлат ва давлатдориро дар мамлакат зери суол бурда барои бозингарони (душманони) беруна эҳтимолияти ташкили фитанаҳоро дар дохили мамлакат бештар мекунад. ….
Меҳмоншо Шарифов
аз саҳифаи фейсбукии муаллиф