Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Кабириву ҲНИТ ва хоби паридаи Раҳмону мақомот

$
0
0

Бо  гузашти се сол аз манъи фаъолияти ҲНИТ ва таҳти  ҷустуҷӯ қарор додани раиси он, Ҷаноби Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ихтисоршуда-ҶОАСВМПМПҶТ) мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоно орому қарор надорад. Ҳамоно хотири ҷамъ надорад, хашину ошуфта, ноосуда, олуғда ва ҳамоно парешону хавотир.

Дар авоили октябр мақомоти қазоии кишвар Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби  Наҳзати Исломии Тоҷикистонро, ки аз соли 2015 дар хориҷ аз кишвар кору зиндагӣ дорад, барои солҳои тулонӣ маҳкум ба ҳабс кард. Ин мурофиа дар додгоҳ пушти дарҳои баста ва махфиёна баргузор шудааст. Мусаллам аст ки дар Тоҷикистон  суду прокурору амнияту ҳукумат, хуллас ҳама чиз худи Раҳмон аст. Ҳукми Кабириро ҳам чун ҳукми Муҳаммадрузӣ Искандаров, Ғаффор Мирзоев, Зайд Саидов, Сайидумуар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалии Ҳайит, Бузургмеҳр Ёров ва чанд нафаре дигарро худи худаш таъин кардааст. Аммо чаро аз Кабирӣ, ки ҳоло берун аз кишвар аст, даст барнамедорад? Ин таҳдид аст ё тарс?

Аммо ҳарчи аз боби таҳдид буд, иҷроӣ ва аланӣ шуд: садҳо нафар аз масъулони баландмақом ва низ аъзои оддии ин ташаккули сиёсӣ ба зиндон кашонида шуд. Ҳизб муталошӣ, мутафарриқ ва шомили феҳристи ташкилот ва созмонҳое, ки дар Тоҷикистон  ба истилоҳ террористӣ  унвон шудаанд, гардид.  Матолибе, ки тайи ин муддат бар алайҳи ҲНИ ва роҳбару раҳбарияти он дарҷ гардид ва ба намоиш бигзоштанд, гирдоварӣ ва дар шакли кинову китоб ба нашр бирасонем, шояд идораи Тоҷикфилм ва Китобхонаи миллӣ натавонанд бигунҷонанд. Садҳо нафар аз аъзои ин ҳизб, ба шумули раиси ҲНИ  дар феҳристи ҷустуҷӯанд ва ба назар мерасад тамоми кори мумкин ва номумкинро  карданд ва ҳол чизе дигар барои ташдиди таҳдид дар даст надоранд.

  Аммо ҳамоно оташи хашму ғазаб фурӯ нанишаст ки нанишаст, ҳамоно “танӯри синаашон пурдуд” ва “фазои рӯҳашон ғуборолуд” аст. Ҳай мегӯянду ҳай менависанд, мукаррар аз ҲНИ ва Кабирӣ мегӯянд, шабҳо  низ хаёлу андешаи Кабирӣ ва ҲНИ дар сар доранд ва яқин аст ки дар хоб ҳамроҳи хонумонашон ҳам ҳаминҳо медароянд.

Аз инҷо бармеояд, ки Кабирӣ ва ҳамроҳони ӯ, ки ҳазорҳо фарсанг аз ватан дуранд, ҳамоно боиси тарс ва ҳарос ва нигаронӣ боқӣ мондаанд. Дар он қисмат аз олами паҳновар афроде дигар ҳам созмону ташкилоти мухолифро дороанд, мисле, ки ҳукумати  рӯзро қабул надоранд ва “статус”и паноҳандаи сиёсиро  низ доранд ва ҳамчун сиёсатмадор “выступат” ҳам мекунанд, вале ваҳшату даҳшат ва хавотириву дилвопасиашон на аз онҳост, балки аз Кабирӣ ва ташкилоти ӯст. Вуҷуди Кабирӣ ва ҲНИҳатто дар он тарафи дунё эҳсоси бим ва хатар барояшон эҷод мекунад. Кабирӣ садое аз он лаби дунё барорад мӯр дар баданашон  медавад ва мӯи танашон бармехезед.  

Фикр мекунед далел чӣ бошад?  Чаро даст барнамедоранд аз иттиҳому интиқоду интиқом алайҳи Кабирӣ ва ҲНИТ? Чаро ҳоло ки ин сиёсатмадор ва  ин ҳизб дар кишвар фаъолият надоранд, аз таъну лаъни онҳо фориғ намешаванд, овораву фирориашон кардаанду ҳанӯзам дилашон хунук намешавад?

Ин муҳаббати халқ аст, ки ба фарқ аз  ҶОАСВМПМПҶТ  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, Кабирӣ соҳиб шудааст. Мабдаъи тамоми рашку кина ва аламу дарди ҶОАСВМПМПҶТ Эмомалӣ Раҳмон обрӯ ва нуфузи Кабирӣ дар миёни оммаи васеъи мардуми тоҷик аст.

 

                                                       *****

Пирӯзии Кабирӣ ва ҲНИТ дар интихоботҳои соли 2010 ва 2015-и вакилони Маҷлиси Намояндагон ҶОАСВМПМПҶТ Эмомалӣ  Раҳмонро ба шиддат нигарон кард.

ҲНИТ басифати як  нерӯи фотеҳ бар афкору азҳон ва қалбҳои мардум ва миллати мусалмони тоҷик ва Кабирӣ ба ҳайси як фигураи муҳим дар сатҳи байнулмилал мартабаи муносиберо касб карда буданд. Аксарияти сафирони кишварҳои абарқудрати олам ҳатман бо Кабирӣ, раиси ҲНИ дидору гуфтугӯи вижа анҷом медоданд ва низ дипломатҳо ва масъулони ташкилот ва созмонҳои мӯътабар, ки вориди кишвар мешуданд, аксаран  ба мулоқоти ӯ меомаданд. Ӯ дар шумори сиёсатмадорони таъсиргузори маҳофилу маҷолис ва маъракаҳои урупоиҳо (ва на танҳо онҳо) ба шумор мерафту меравад. Дар воқеъ ӯ тавонист шахсияти як раҳбари зарангу забардасти ҳизби динии мудерн ва муосирро ба намоиш бигзорад.

Таҷаллӣ ва шаъшаъаи шӯҳрати ҷаҳонии Кабирӣ ҶОАСВМПМПҶТро рӯз ба рӯз хира ва хиҷилкард. Аммо пуштибониву пазироии сартосарӣ ва изҳори меҳру муҳаббати мардум дар интихоботҳои ахири парлумонӣ бошад комилан безобита ва васвосаш сохт.  

Зеро ҶОАСВМПМПҶТ, ки дар сар ҳавасу хаёли дигар, нақшаи дигари зиддимиллӣ таҳвил ва вогузории қудрат, курсии президентӣ ба писарашро дошт, Кабириро як мушкил ва монеъи азим дар ин роҳ донист. Ӯ дақиқан медонад, ки  дар ҳеҷ яке аз интихоботҳои  баргузоршуда, на худаш, на ҳизбаш, на писар ва на духтараш овоз нагирифтаанд. Хуб ҳам медонад, ки мардум аз ӯ ва зоту зурриёташ безор шудааст. Ва бидуни шак маълумоту омори воқеии овози мардум дар ин интихоботҳоро ҳам хуб медонад ва инро ҳам хуб медонад, ки танҳо ҲНИТ метавонад ин ҳавасҳояшро, нақшаҳояшро нақше бар об кунад. Кабирӣ дар раъси ҳамин гуна қувва ва қудрат қарор дошт.

Бо ин ҳама бардорбардору бо ин ҳама тавсифу таърифҳои гушношунид тавассути ТВ ва Радиоҳои кишвар, шахси худаш наметавонад дар як интихоботи озоду мардумӣ бар Кабирӣ ғолиб ояд, чӣ расад  ба Эмомалии хурдӣ (Рустами Эмомалӣ, ҳоло раиси Душанбе), ки тавонад дар интихоботи соли 2020 истодагарӣ бикунад?  

Аз ин рӯ тасмим гирифт ва қатъан қарор қабул кард, ки ба ҳар шевае, ки бошад, (Протоколи 3220) Кабирӣ ва ҲНИТро аз арсаи сиёсати расмӣ берун созад. Албатта метавонистанд фаъолияти ҳизбро ба ҳар баҳонаи бофта манъ кунанд. Вале, ӯ бештар аз инро мехост. Бояд зарба ҷиддӣ зада бишавад, то ки ин ҳизб боқӣ намонад ва вуҷуд надошта бошад ва барои татбиқи нақшаи овардани Эмомалии хурдӣ роҳ ҳамвор бишавад.

Моҳияту фалсафаи баста шудани ҳизб ва  созмони террористӣ эълон кардани он ҳамин аст ва ин ки Ҳоҷӣ Ҳалим кудато карданӣ буд, як дурӯғи бузургу калоне буд, ки бофтанд ва бастанд. Аксарияти мардуми кишвар бовар накард. Худ як каме биандешед, ки нафари табаддулотчӣ на қасри президент, на бинои парламент, на фурӯдгоҳ, на ягон бинои мақомоти қудратиро ҳадаф қарор доду ишғол кард, балки ба дараи Ромит рафт. Магар шахси табаддулотчӣ дар кӯҳистон табаддулот мекунад? Ва ҳеҷ ҳарфу даъвои сиёсиеро ба забон намеоварад? Инро ҳам бояд таъкид кард, ки ӯ муовини вазорати дифоъ буд ва хуб медонист, ки бо гурӯҳи 10-20 нафарӣ, ки бигзор дар маҷмӯъ 1000 нафар бошад, наметавон даст ба кудатои низомӣ зад. Бастану кӯфтанҳо, қатлу зиндонсозиҳои пас аз тобистони соли 2015, ҳамагӣ чуноне гуфтем дурӯғу бӯҳтонанд. Дурӯғеанд ба хотири бастани иттиҳом бар пои Наҳзат, аз муборизаҳои сиёсӣ дур сохтани Кабирӣ. Дурӯғеанд ба хотири берақиб ба курсӣ нишондани Эмомалии хурдӣ.

Бар фарз, агар дар варақаҳои интихоботи президентии соли 2020 исми Кабирӣ ва Эмомалии хурдӣ навишта мешуд, фикр мекунед, чӣ гуна натиҷа ба бор меовард? Шаке нест, ки он интихобот ҳам бо фиребу найранг ҷамъбаст мешуд. Аммо ҶОАСВМПМПҶТ Эмомалӣ Раҳмон барои ҷилавгирӣ маҳз аз ҳамин шармандагӣ, ки писарашро ҳам бо найранг ва гӯл задани мардум сари қудрат нишонад ва ҳам аз натоиҷи воқеии интихоботҳои парлумонии солҳои 2010 ва 2015, ки мардум на ҳизби ӯ, балки ҳизби наҳзатро овоз дод, Кабирӣ ва ҲНИТро аз арса дур кард. Ҳамчунин аз ин хафв дошт, ки ба эҳтимоли зиёд дар вокуниш ба ҷаълкорӣ дар он интихобот сабри мардум тамом бишавад ва ба хиёбонҳо бирезанд. Тамоми тарсу ваҳшаташ  ҳамин аст, ки дар пушт дастгирӣ ва мутакои халқӣ надорад, дақиқан маълумот дорад, ки раёсати тӯлониаш дар дили халқ задааст. Ва ҳамин тавр маълумоти мувассақ дорад, ки ҳамаи ин пуштибонии халқиро Кабирӣ дорад.

Тардид набояд бошад, ки баъди нишондани Эмомалии хурдӣ азобу ранҷи ин миллат ду баробар хоҳад шуд, чун худи ӯ ҳам тибқи қонуни Асосгузори сулҳу ваҳдат дар мақоми раҳбарӣ  боқӣ хоҳад монд. Ва то кунун мори яккалла буд, минбаъд дукалла хоҳад шуд. Ва сер кардани ин дуро бин, ки дар сер кардани якеаш то ҳоло миёни ин миллат хам задааст.

Имрӯз аксарияти мутлақи мардум мутанаффир аст, ки ба хотири нафс шуда, ба хотири боқӣ мондан дар курсии давлат шуда, чӣ қадар инсонҳои бегуноҳро маҳбус ва чӣ шуморе аз мардумро водор ба тарки кишвар ва овораву дарбадар сохта, пайваста ҳарими муқаддаси тоҷики мусалмон дину оийинашро мавриди таҳқир ва таҷовуз қарор медиҳад. Тамоми миллат бигзор ранҷу озору азият бикашад ва ин ҳамаро таҳаммул кунад, танҳо ба ин хотир, ки ҶОАСВМПМПҶТ ва Эмомалии хурдӣ дар сари қудрат биистанд. Бихӯранд, бичаранд. Ва айшу ишрати Зойиру Фируза, Ҷамолиддину Озода, Шамсу Парвина, Ашрафу Рухшона, Рамзу Заррина, акаи Ҳасан бо бародарҳояш ва ғайраву ғайраҳо таъмин бишавад. IRS, Ориёнбонк, Сомонэйр,Спитаменбонк, Бонки байналмилалии Тоҷикистон ва ширкати Фароз ва корхонаи алюминий –Талко ва даҳҳову садҳо корхонаҷоти марбути оила фаъолият кунанд, то ки хонавода “доллар” ҷамъ оварад. Ва ҳеҷ як аз аъзои хонавода чӣ писарҳо, чӣ духтарҳо ва чӣ домодҳо ҳеҷ гоҳ ба Данғара барнагарданд  ва ин мардумро ва ин миллатро ва ин давлатро битозанду битозанд.

 

                                                              *****

Ҳоло амали пурсишбарангези дигар ин аст, ки чаро мурофиаи бидуни ҳузури Муҳиддин Кабирӣ раиси ҲНИ ва вакили собиқи МНТ  баъди се сол махфиёна  доир шуд? Ва нагуфтанд, ки чӣ ҳукме содир кардаанд ва чанд сол додаанд? Ин яқин ва ҷойе барои баҳс надорад, ки ба ӯ ҳукми ниҳоӣ ҳабси якумрӣ доданд, зеро қабл аз худи ӯ ба  ҷонишинонаш чунин муҷозотро таъйин кард буданд.  Аммо боз ҳам пурсиш ин аст ки чаро муҳокима махфӣ ва пинҳон аз назари ҷомеа сурат гирифт?  

Магар инҷо кадом сирри давлатӣ буд? Тӯли ин се сол тамоми пайдову пинҳони  Кабириро хойиданду навиштанд.  Пас, парвандаи Кабирӣ чӣ чизи мепушондагӣ дошт? Возеҳ аст бо ин шеваи бархӯрду муносибате, ки бо Кабирӣ ҷараён мегирад, парвандаи ӯ санаде барои пӯшонидан медошт ва он чизи мепушондагӣ бар зарари ӯ мебуд, дақиқан онро пинҳон намедоштанд ва бо майлу иштиёқи тамом эълом медоштанд, менавиштанд, намоишнома месохтанд. Пас, хулоса ин аст ки дар ин парванда ҳар он чизе ки боиси махфӣ кардан шуда бар зарари ҶОАСВМПМПҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва дору дастгаҳи ӯст, ки онро аз чашми халқи тоҷик пинҳон карданд. Дар ҳоле, ки ҳатто худи Кабирӣ дар ин муҳокима ширкат надорад, парвандаи ӯро аз назари кӣ махфӣ карданд?

Агар муҳокима ошкоро мегузашт ва он ҳама иттиҳомоте, ки ба ӯ задаедқасди табаддулот, одамкушӣ, доштани силоҳ ва ғайраву ғайраҳоро  мардум медид, ба суди шумо набуд? Ҳоло зӯр зада, ба чаҳор тараф ҷор зада, иртиботи Кабирӣ бо Эронро собит карданӣ ҳастед ва ҳамарӯза эронкубӣ доред. ҲНИТро, ки қаблан ваҳҳобиву салафӣ мехондед, ҳоло бурда дар бағали охундҳои Эрон ниҳода ва шиъаашон мешуморед ва хаста ношуда ба англисиву кадом забонҳои дигар баргардон кардаву ба нашр расонидан доред, ба ин умед, ки Амрико бихонаду аз робитаи Наҳзату Эрон бохабар бишавад ва ниҳоят ҲНИро, ончунон ки дили шумо мехоҳад,террорист эътироф кунад. Чун Амрико бо Эрон дар ҳоли душманӣ қарор дорад. Вагарна як руз ваҳҳобиву салафӣ ва як рузи дигар ба шиъа муттаҳам кардани Наҳзат ба чӣ хотир аст?

Суду пулису прокурор дар  он кишварҳо гӯш ба даҳан нестанд. Онҳо санҷиданд, омӯхтанд. Ва ба ҳеҷ ҳарфи шумо бовар накарданд, на ба террорист будани Наҳзат ва на ба ин ки сайёҳонро наҳзатиҳо ҳадаф қарор доданд. Ба чизи сохтаву дуруғӣ кӣ бовар хоҳад кард?

Мебоист, маҳз ва бахусус, раванди муҳокимаи парвандаи Кабириро на танҳо ошкоро, балки аз тариқи ҳама шабакаҳо мунташир мекардед, то мардум худаш қазоват мекард. Ва дигар  ниёз ба чопу нашри матолиби дурӯғин дар расонаҳо боқӣ намемонд ва сари муаллифони “фабрикаи ҷавоб” ҳам ором мегирифт.Чаро накардед? Чун бар гунаҳкорсозии Кабирӣ далел надоштед, ҳама айбномаву айбмонданҳоятон сохтаву бофта буд, барои ҳамин раванди муҳокима  махфиёна буд ва агар ҷараёни мурофиа бар суди шумо буд, сад бор онро аз тамоми шабакаҳо нишон медодед.

Талоши ба такроратон дар мавриди дастгир кардани Кабирӣ натиҷа бор наовард. Балки аз листи афроди таҳти ҷустуҷӯяш  Интерпол исми ӯро берун овард. Ин бадин маъност, ки ҳама иттиҳому айбҳои задаи Шумо тӯҳмате беш нест. Боз ӯ дар ҷаласаҳо, конфронсу нишастҳо, аз ҷумла нишасти Варшава ҳузури муассир дорад ва озодона ҳаракат мекунад. Ин чунин мазмун дорад, ки Кабирӣ ба ҳайси як сиёсатмадори арсаи байналмилалӣ на танҳо дар Эрон, ки дар канори мақомоти раҳбарӣ бинишасту рашки шуморо овард, балки як давлатмардест, ки Тоҷикистон ва халқи онро намояндагӣ мекунад.  

Гоҳ гиребони Эронро медаред, гоҳ  Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо(САҲА)-ро, ки чаро шумо ба террорист минбар медиҳед? Ва сахт асабонӣ ва дар ғазабед, ки Кабириро аз рӯихати Интерпол бароварданд. Ин чӣ тавр шуда, ки тамоми Урупо дар таъқиби террористони исломисту “террористи исломӣ”и тоҷикро намеқапад? Дархости нафари одӣ не “роҳбари муаззам” (солҳои шуравӣ  “доҳии муаззам”Ленин буд) мӯҳтарам ҶОАСВМПМПҶТ Эмомалӣ Раҳмонро рад мекунад? Аз ин ҳам аламовартар, аз масъулони Наҳзат чандин нафарро мақомоти кишварҳои урупоӣ бо дархости шумо дастгир карда, вале баъди бозҷӯиву бозрасӣ бар бегуноҳии онҳо мутмаин шудаву раҳояшон карданд. Бо фаросат  дарёфтанд, ки иттиҳомоти воридаи шумо алайҳи онҳо беасос ва тӯҳмате беш нест.  

Аммо ҳамоно шумо чун муйи оташдида дар сӯхтанед, ки ин созмонҳо бо Тоҷикистон духӯра бозӣ мекунанд?

Ва дар посух аз равишҳои “демократӣ” истифода бурда, дар саҳнаи дафтари САҲА тазоҳуроти ҷаълӣ баргузор мекунед. Ва ҳам дӯғу пӯписа, ки дафтари САҲАро дар Тоҷикистон хоҳед баст. Ин бори чандум аст, ки дар назди ин ё он сафорат ба истилоҳ тазоҳурот ташкил кардед вале як раҳ ба худ суол намедиҳед, ки бо ин ҳилла киро мефиребед? Дар мамлакате, ки ба ҷуз аз як хонавода ва давру бараш  бақия дар ҳолати фақру қашшоқӣ ба сар мебарад ва шаҳрвандонаш қути лоямут аз Русия ба даст меоварад ва ҳамарӯза таҳқиру маломат мешавад, ҳазору як мушкили сиёсиву иҷтимоиву иқтисодӣ ҷонашро ба лаб овардааст, ягон бор тазоҳуроте бар муқобили шумо манбаъ, мабдаъ ва омили бадбахтии мардумед, баргузор нашуд. Вале ҳамин мардум, бо вуҷуди ин ҳама бадбахтӣ, барои дастгирии шумо ва манофеи шумо тазоҳурот мекардааст?! Кӣ ба сиҳативу дурустиву мардумии он тазоҳурот бовар мекунад. Шумо, ки бар рухи демократия  бавлу шоша мекунед, арзишҳои онро ба боди масхараву мазоҳ мекашед ва боз мехоҳед урупоиёнро ҳам фиреб диҳеду аҳмақ фарз кунед. Худро аз буда бештар шармандаву расвои олам накунед.

Мешавад бо тамоми дунё даровехт? Гуиё Шумо соҳиби тамоми дунё бошед. Ва ҳар ҳарзаву газофе, ки бигӯед, қабул бошад. Гӯиё барои кишварҳои урупоӣ як нафаре, ки наздики се даҳа дар сари қудрат ва як диктатори бешарми тамомаёр аст, арзише дошта бошад. Ангор барои урупоиён як нафаре, ки бо тамоми аъзои хонавода мисли кирму шуллуки хунхор ҷону ҷисми ин миллат ва ин давлатро макидан дорад ва тӯли ин ҳама солҳо сер нашудаву боз ҳам мехоҳад писару духтарашро раисҷумҳуру раиси маҷлис созад, ҳойизи аҳамият бошад  ва кадом арзише дошта бошад. Дунё, ки бесоҳиб нест ва ҳазёну газоф корагар намешавад.

                                                *****

Агар Кабирӣ ҷонибдор надошта буд, шумо ин қадар бесаранҷому бесаришта ва сарикалобагумкарда намешудед. Тарсу ҳаросу ваҳшататон аз Кабирӣ ин аст, ки  дар қалби тоҷикон ва халқи Тоҷикистон маъво ва маскан дорад. Ихтилоф ва мояи рашки шумо ҳамин аст.

Агар Кабирӣ касеву чизе набуда бошад, чаро ин қадар бар зидди ӯ барнома месозед? Беҳтар нест, ки фаромӯш созед, сокит бишавед.Чаро ин қадар бетоқату дар изтиробеду оромишу осоиш надоред. Менависеду менависед, мегӯеду мегӯед. Бо ин рекламаҳои ройгон ҳатто онҳоеро, ки бетафовутанд, ба андеша водор мекунед, ки “чаро ин қадар  бар зидди ӯ менависанд. Вай дар он лаби дунё аст, ку? Пас чи гапе ҳаст? Вагарна онҷо баъзеҳо думушта бар сина кӯбидан доранд, ки сиёсатмадор онҳоанд, вале аз Кабирӣ менависанду мегӯянд”?

Мисле,ки дар матбуот, радиову ТВҳо, масҷиду корхонаҷот барои бадномсозӣ ва тӯҳмату бӯҳтон алайҳи Кабирӣ ва НИТ ҳашари умумихалқӣ эълом шудааст. Фабрикаи ҷавоб ҳоло ба ҳолдингу корпоратсия бадал шудааст. Кабириву бархе аз аъзои ҳизбашро водор ба тарки ватан кардед вале чаро  дар даруни ватан, дар даруни  қасру кушк, дар васати муҳофизони бешумор, амнияту милиса дар ихтиёр аммо боз ҳам беқарор, бесаришта, бесаранҷом, ҳаросон? Ба назар мерасад хотиратон ҷамъ ва дилатон қарор намегирад, то Кабириро наовареду ҳабси абадаш надиҳед.

Вале шумо як чизро фаромӯш кардед. Кабирӣ не, боз як нафаре дигар. Зеро ҲНИТ бо ин ҳама дуруғбофӣ, туҳматзанӣ,террористхонӣ, манъкуниҳои шумо нопадид намешавад. Мехоҳед ё не, бармегардад. Бармегардад.Дер ё зуд бармегардад!!

                                                   *****

Қабл аз Кабирӣ дар Амрикову Аврупо сиёсатмадорҳо ва созмонҳои мухолиф бо ҳукумат буданд. Аммо Варшава ва нишастҳои он сокит ва бешӯру шааф буд ва кам касон аз чунин нишасту бархостҳо огаҳӣ доштанд. Аз ҳузури Кабирӣ ва аъзои ҲНИT ин нишаст касби обрӯ кард ва сари забонҳо уфтод. Аз инҷо буд, ки аз ӯ сахт нохушанд ва аҷиб аст, ки на танҳо дар дохил

                                                   *****

       Аммо як нуктаи дигар ва ё далели дигари тарсу ҳаросашон аз Кабирӣ ин аст  ки ӯ роҳи бозгашт ва он ҳам бозгашти сарбаландона ба ватанро медонад. Ҳамчуноне, ки ҳамин чанд соли пеш рафта буданд ва боз ҳам баргаштанд.

Лидер дар берун ҳам лидер аст

Мирзо Солеҳзод


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>