Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Дастовардҳо ва костиҳо дар интихоботи порлумонии Афғонистон

$
0
0

Баргузории интихоботи маҷлис дар 32 вилояти Афғонистон бо вуҷуди нигарониҳои амиқи амниятӣ, ҳаводиси хушунатбор ва мушкилот фаннӣ, дастоварди муҳим барои давлат ва мардуми ин кишвар ба шумор меравад.

Интихоботи маҷлиси Афғонистон бо вуҷуди нигарониҳои амниятии амиқ ва мушкилоти фаннӣ дар 32 вилояти ин кишвар ва бо ширкати беш аз 2500 номзад аз ҷумла 417 зан тай ду рӯзи гузашта баргузор шуд.

Бино ба эъломи комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон, беш аз 4 миллион нафар аз шаҳрвандони ин кишвар бо ҳузур дар беш аз 5000 маркази раъйгирӣ, орои худро ба сандуқ андохтаанд.

Ҳудуди 8.8 миллион нафар барои ширкат дар ин интихобот сабти ном карда буданд. Ақаллиятҳо ба сурати ҷудогона сабт мешаванд. Онҳо ҳудуди 2 дарсад аз 8.8 миллион шаҳрванди сабтиномкунанда барои раъй доданро ташкил медиҳанд.

Шастучор дарсади афроди сабтиномшуда мард ва бақия зан будаанд. Бисёре аз занон дар манотиқи мухталифи ин кишвар ҳозир ба сабти ном барои ширкат дар интихобот нестанд.

Бад-ин тартиб, аввалин интихоботи парлумонӣ дар ҳашт сол, пас аз се соли таъхир бо мавҷе аз мушкилоти амниятӣ ва тадобири шадид дар Афғонистон баргузор шуд. Корбурди дастгоҳҳои биометрик барои нахустин бор дар марокизи раъйгирӣ аз чолишҳои умдаи ин давра буд.

Ба далел таҳдидҳои амнияти Толибон ва мушкилоти тадорукот, садҳо ҳазор нафар дар рӯз нахуст қодир ба раъй додан набуданд ва ин интихобот барои як рӯзи дигар тамдид шуд. Рӯз якшанбе як миллион воҷиди шароит ба 76 марказ ахзи раъй дар 22 вилоят муроҷиъа карданд.

Чаҳор миллион нафар яъне тақрибан ниме аз афроди воҷид шароити раъйдодан дар ин интихобот ширкат карданд. Ҳузури занон ва ҷавонон дар бархе марокизи раъйгирӣ густурда буд. Аксари онон бар ин боваранд, ки вуруд ва пирӯзии занон ва ҷавонон дар ин интихобот мавҷе аз умед ба таҳаввул дар кишварашонро эҷод кунанд.

Интихобот бо ҳаводиси хушунатомез ҳамроҳ буд

Ба гуфтаи Ахтар Муҳаммад Иброҳимӣ, муовини амниятии вазорати кишвари (дохилии) Афғонистон “36 нафар бар асари 193 ҳодисаи хушунатомез дар ҷараёни интихобот ҷон бохтанд. Дасти кам 90 ғайринизомӣ ва 19 полис маҷрӯҳ шуданд. 51 узви Толибон аз ҷумла 4 фармондеҳи онҳо дар ҷараёни интихобот кушта ва 18 тани дигар дастгир шуданд.”

Муҳаммаднаҷиб Дониш, сухангӯи вазорати кишвари Афғонистон дар мусоҳиба бо хабарнигорон изҳор дошт: “50 ҳамлаи террористӣ дар рӯзи дуввум ба марокизи ахзи раъй сурат гирифт ва ду ғайринизомӣ ва 12 полис кушта шуданд.”

Гурӯҳи Толибон қабл аз оғози раъйгирӣ эълом кард “ин интихобот аз ибтидо то интиҳо як проект амрикойӣ аст” ва ба мардум ҳушдор дод, ки дар ин рӯйдод ширкат накунанд.

Вис Аҳмад Бармак, вазири кишвари Афғонистон низ гуфта, ки “250 ҳодисаи террористӣ дар ҷараёни ду рӯзи интихобот рух дода ва ҳадди ақал 49 нафар аз ҷумла 27 ғайринизомӣ, 21 полис ва як сарбози артиш кушта шуданд. Бар асар ҳамалоти террористӣ рӯзи якшанбе 1 полис кушта шуд.”

Ғазнӣ ва Қандаҳор аз интихобот бозмонданд

Баргузории интихобот дар Қандаҳор ба далели ҳамлаи террористии рӯзи панҷшанбе, ки бар асари он шуморе аз мақомоти амниятӣ аз ҷумла генерал Абдуррозиқ, фармондеҳи пулиси ин вилоят кушта ва захмӣ шуданд, ба рӯзи шанбеи 27 октябр гузаронида шуд.

Вилояти Ғазнии Афғонистон низ ба иллати ихтилофоти сиёсӣ бар сари тақсими курсиҳои маҷлис миёни ақвом ва мушкилоти амниятӣ аз баргузории интихобот боз монда ва замони мушаххасе барои он ҳанӯз эълом нашудааст.

Мушкилоти фаннӣ

Шикояти раъйдиҳандагон аз беназмӣ дар марокизи ахзи раъй ба далели мушкилоти фаннӣ ҳамонанди рӯзи аввал дар рӯзи дуввум низ идома ёфт. Бархе аз онон гуфтанд:

“ҳатто намешуд пас аз соатҳо интизорӣ раъй дод. Номи мо дар лист набуд ва маъмурони интихобот тавони истифода аз дастгоҳҳои биометрик надоштанд”. Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон низ ба ин мушкил ин эътироф кардааст.

Раванди раъйгирӣ дар севумин давраи интихоботи парлумони Афғонистон пас аз суқути Толибон ва ҳафдаҳумин давра аз замонм ташкилм органи қонунбарори ин кишвар, алорағми таҳдидоти амниятӣ ва мушкилоти фаннӣ, пас аз ду рӯз расман поён ёфт.

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон асри имрӯз тайи паёме аз шаҳрвандон, нерӯҳои амниятӣ, кормандон ва нозирон интихоботӣ ва ҳамчунин тамоми номзадҳо ба хотири дифоъ аз мардумсолорӣ қадрдонӣ кард.

Шӯрои миллии Афғонистон, олитарин ниҳоди қонунгузорӣ дар ин кишвар буда ва аз ду маҷлиси намояндагон ва сено ташкил мешавад. Тибқи қонуни асосӣ рукни қонунгузорӣ дар низоми ҷумҳурии исломии Афғонистон Шӯрои миллӣ аст.

Ниҳоди қонунгузории Афғонистон дорои 249 узв аст, ки ба таври мустақим тавассути мардум интихоб мешаванд. Дар маҷлиси намояндагон аз ҳар вилояти Афғонистон ду курсӣ ба занон ихтисос ёфтааст. Дар маҷмӯъ 68 зан дар маҷлиси намояндагон ин кишвар ҳузур дорад.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>