Қазияи Бадахшон бо суръат ҷониби як хушунат меравад. Мақомот “саркардаҳои гурӯҳҳои ҷиноӣ”-ро мушаххас карданд ва даъво доранд ҳанӯз силоҳи зиёде дар дасти онҳо боқӣ мондааст. Муттаҳамон бошанд мегӯянд мақомоти давлатӣ алайҳи онҳо тӯҳмат мезананд ва бидуни далел онҳоро сиёҳ мекунанд.
Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ зимни гузоришаш аз вазъи Бадахшон даъво кард “гурӯҳҳои ҷиноӣ” ҳанӯз танҳо 10-15 дарсади силоҳҳояшнро супоридаанд. “170-180 яроқе, ки супориданд, ҳамагӣ 10 – 15 фоизи силоҳи онҳост. Талаби ситод ин аст, ки то охир, то як дона тир супоранд. Ин як дона тир, як таппончаи Макаров, як пулемёт онҳоро муҳофизат намекунад, наметавонад муҳофизат кунад. Агар насупоранд, ҷинояткорӣ идома ёбад, оқибаташ тибқи қонун чораандешӣ мешавад”, — таҳдид кард ӯ.
Раҳбари КДАМ гуфт, ки дар Бадахшон 6 гурӯҳи ҷиноятӣ мавчуд аст, ки зери назорати КЛАМ ва ВКД қарор дорад:
«Ин шаш гуруҳ роҳбар дорад, таъмингар дорад, муҳофиз доранд, иҷрокунандаи амали ҷиноятӣ доранд, тақсимкунандаи яроқу аслиҳа доранд, дар хонаҳои саркардаҳои гуруҳҳои муташаккил, тарабхона ва ҷойҳои муайян ҷамъ мешаванд, ба якдигар тарзҳои гуногуни алоқа муайян кардаанд. Супоришҳои ҷинояткорона мегиранд, аз пайи иҷрои онҳо мешаванд”, — изҳор дошт Ятимов.
Худи ӯ аз онҳо ном нагирифт, вале маркази матбуотии Ситоди муштараки байнисоҳавӣ 5 нафарро “саркардаҳои гурӯҳҳои ҷиноӣ дар Бадахшон хонд, ки иборатанд аз Аёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгор Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович ва Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович.
Ятимов ин панҷ нафарро дар ба таҳлука андохтани мардуми Бадахшон гунаҳкор донист ва эътироф кард, ки худаш раҳбари ситоди амалиёт дар Бадахшон аст: “Он чӣ ки моро то 15 октябр ором сохт, супоридани яроқу аслиҳа буд. Инҳо мардуми Хоруғро ба таҳлука андохтанд, ки ҳозир амалиёт мешавад, ана амалиёт мешавад. Салоҳият ва масъалаи гузарондани амалиёт зидди гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба дӯши раиси КДАМ гузошта шуд. Гузарондан, соати чанд ва муқобили кӣ? Ба муқобили аҳолӣ ягон хел амалиёт гузарондан намешавад, лекин дар зери нишони КДАМ, ВКД тамоми 6 гуруҳи ҷиноятиянд, ки ном ба ном ҳастанд”.
Раисаи КДАМ даъво кард аз шумору намудҳои силоҳ, ки ин гурӯҳҳо доранд, иттилоъ дорад: «Дар ҳавлии онҳо чанд нафар бо яроқ истодаанд, навъҳои яроқи онҳо. Мо захираи тирҳояшонро медонем. Шабҳо дар кадом болохона пулемёти Калашников, дар кадом маршрут гранатамёт гирифтагиянд, разведчикҳояшон дар куҷо кор мекунанд, ҳамаашро медонем”.
Аммо панҷ муттаҳаме, ки мақомот “саркардаҳои гурӯҳҳои ҷиноӣ” мехонанд, ин ҳамаро тӯҳмат медонанд. Онҳо аз замоне, ки раисҷумҳур ба Хоруғ омаду даъво кард Бадахшонро чанд гурӯҳи ҷиноӣ идора мекунад, эълони ҳамкорӣ бо мақомотро карданд.
Субҳи имрӯз онҳо ба идораи додситонии вилояти Бадахшон ҳозир шудаанд, то бифаҳманд бо чӣ далеле мақомот онҳоро ба ин ҷиноятҳо муттаҳам мекунанд. Толиб Айёмбеков, яке аз ин афрод, рӯзи 22-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки мехоҳанд аз мақомот дар бораи иттиҳоми эълоншуда зидди ӯ ва ҳамроҳони дигараш бипурсанд.
Саймӯъмин Ятимов зимни баромадаш гуфт ҳеҷ амалиёте алайҳи сокинони осоишта баргузор нахоҳад шуд, аммо аз суханони и.в. раиси вилояти Бадахшон бармеояд, ки низомиёну амниятиҳо омодагии бузурге барои амалиёт доранд. “Ман медонам, ки аз ӯ чердак, аз ӯ тирезае, ки як тир тарафи қувваҳои мусаллаҳи Ҳукумат биёяд, ҷавобан чӣ меравад. Дигар аз ӯ чорашёнаи нуҳошёнаю даҳошёна нишоне намемонад. Баъд, биёрем мисли Сурия палата монему ҳазорҳо нафарро дар азоб монем” — изҳор доштааст Ёдгор Файзов дар мусоҳибааш бо хабаргузории “Спутник”.
Дар ҳамин ҳол ба дасти Паём маълумоти дигаре расидааст, ки аз омодагии тамомайёри ҳукумат барои амалиёти низомӣ дар Бадахшон дарак медиҳад. Ин маълумот ба зудӣ нашр хоҳанд шуд.