Хабари дуздии муҳоҷири тоҷик дар Вилнюс, пойтахти Литва дурӯғ, аниқтараш иштибоҳ буда, ин паноҳанда айни ҳол озод карда шудааст. Ӯ ҳоло ба бошгоҳи муҳоҷирон — Пабраде баргаштааст.
Тибқи иттилоъи манбаъи Паём, қазия на чуноне будааст, ки матбуоти Литва хабар додаанд. Ин муҳоҷир, ки ному насабаш бо ҷузъиёти бештар баъди дарёфти иҷозааш нашр хоҳад шуд, нафареро мебинад, ки дар ҳолати мастӣ меафтад ва телефонаш ҳам аз дасташ мепарад. Муҳоҷири тоҷик телефони ӯро бардошта ба кисааш мегузорад ва ба ӯ кӯмак мекунад то бархезад.
Маъмури пулис, ки ба кисааш гузоштани телефонро мушоҳида мекунад, бо гумони дуздӣ ӯро дастгир мекунад. Тибқи гуфтаи манбаъи Паём, телефони он маст ҳатто арзиши онро надорад, ки аз кӯча бардорӣ, чӣ расад ба дуздии он.
Баъди рӯшан шудани қазия пулиси Литва муҳоҷири тоҷикро бо узрхоҳӣ раҳо мекунад ва ӯ ба ҷои истиқоматаш ба бошгоҳ бармегардад. Ҳоло тоҷикони муқими Вилнюс тасмим гирифтаанд аз пулис дархост кунанд то хабари иштибоҳиашро дар расонаҳо расман рад ва аз муҳоҷири тоҷик узрхоҳӣ кунад.
Ҷузъиёти ҳодиса ба зудӣ нашр мешавад.