Мақомоти амниятии Тоҷикистон дирӯз 12 ноябр хабар доданд 12 узви ДОИШ-ро дастгир карданд, ки мехостанд пойгоҳи 201-уми Русия дар Душанберо тарконанд. Як рӯз пас, яъне 13 ноябр дафтари матбуотии КДАМ тариқи хабаргуҳории Азия Плюс хабари қаблиро рад кард ва гуфт касеро дастгир накардааст ва аз ҳадафи таркондани пойгоҳи ҳарбӣ ҳам иттилоъе надорад.
Чанд соат пас КДАМ радияашро рад кард ва гуфт хабари дастгир шудани 12 доишӣ рост аст. Радияи радшуда аз сомонаи Азия Плюс бардошта шуд ва ҷои он аз номи раҳбари хадамоти матбуотии КДАМ Дилшод Абдуалимов, ки қаблан хабари аввалро рад карда буд, изҳорот пахш шуд, ки гуфта мешуд хабари аввалӣ рост аст.
Имрӯз, 15 ноябр хабаргузории давлатии Тоҷикистон таҳти унвони “ФАВРӢ! Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари ҷой доштани амали террористиро тасдиқ кард”, аз хабари ду рӯз пеш нашркардаи Азия Плюс иқтибос овард.
Матни хабари “Ховар”, ки имрӯз 15 ноябр соати 14.06 нашр шудааст ба ин шакл аст:
ФАВРӢ! Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари ҷой доштани амали террористиро тасдиқ кард
“13 ноябр дар сомонаи «Азия Плюс» хабар дар бораи омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ ба Пойгоҳи 201-и Федератсияи Россия чоп шуд. Дар хабар ҳамчунин омадааст:
Воқеан аз ҷониби қувваҳои амниятӣ ҳамлаҳои террористӣ ба нуқтаҳои Пойгоҳи низомии 201 Федератсияи Россия дар Тоҷикистон пешгирӣ карда шуданд.
Тибқи маълумоти котиби дафтари матбуоти КДАМ ҶТ, дар воқеъ далели омодагӣ ба амали террористӣ ҷой доштааст.
Бо истинод ба маълумоти расида, маълум гардид, ки муовини аввали раиси КДАМ ҶТ, генерал-лейтенант М. Умаров дар доираи музокироти парлумонӣ дар Маҷлиси Олӣ изҳор доштааст, ки «тафтиши парвандаи террористон қариб ба итмом расида, ояндаи наздик ба баррасии суд дода мешавад».
М. Умаров ҳамчунин хабар додааст, ки террористон ба сафҳои «Давлати исломӣ» ҷалб шуда, тариқи интернет ба ин созмон савганди садоқат ёд кардаанд. Онҳо нисбат ба пойгоҳи низомии 201 Россия дар Тоҷикистон амалҳои террористӣ содир карданӣ будаанд.
«Лекин бо кӯшиши КДАМ ин амалҳои террористӣ пешгирӣ шуда, иштирокчиёни он бо далелҳои шайъӣ ҳафтаи гузашта дар хонаи яке аз аъзои гурӯҳ дастгир шудаанд»,- хабар дод генерал-лейтенант.
**************