Додситони кулли Арабистони Саудӣ эълом кард, ки ҷасад Ҷамол Хошуқҷӣ пас аз қатл дар консулгарии ин кишвар дар Истамбул, тикка-тикка шудааст. Ӯ гуфт: ҷасад вай пас аз қатл дар консулгариа Арабистони Саудӣ дар Истамбул, тикка-тикка шудааст.
Дар ин баёния ҳамчунин омадааст:
“Барои 5 тан аз муттаҳамони парвандаи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ тақозои эъдом шудааст. Дастури ташкили тиме барои қатли Ҷамол Хошуқчӣ тавассути муовини собиқи созмони иттилооти Арабистони Саудӣ содир шудааст.
Яке аз муттаҳамони парванда дурбинҳои консулгариро аз кор андохтааст. Саъуд Ал-Қаҳтонӣ, мушовири собиқи девони подшоҳӣ, ки чанде пеш барканор шуда буд, мамнуъ-ул-хурӯҷ аст. Тасовири ҳамдастони маҳаллии қатли Хошуқҷиро, ки ҷасади ӯро таҳвил гирифтаанд дар ихтиёр дорем.»
Одил Ал-Ҷубайр, вазири умури хориҷаи Арабистони Саудӣ низ эълом кард: қабул дорем, ки қатл Хошуқҷӣ ҷурм ва иштибоҳи бузурге буд.
Вай афзуд:»сиёсӣ кардани ҳодисаи Хошуқҷӣ ва мудохила дар умури дохилии Арабистони Саудӣ ғайри қобили қабул аст».
Вазири умури хориҷаи Арабистони Саудӣ идома дод: «Интиқоли парвандаи Хошуқҷӣ дар сатҳи байналмилалӣ ғайри қобили қабул аст».