Замоне ки мақомоти Тоҷикистон аз шарҳи сабаб ва ҷузӯиёти ошӯб дар зиндони рақами 3-и Хуҷанд худдорӣ мекунанд ва мекӯшанд тамоми роҳҳои расидани иттилоъ ба расонаҳо ва мардумро масдуд кунанд, на танҳо фарзияву тахмин ва овозаҳо бештар мешаванд, балки иттилоъот низ бо ҳар роҳе ба расонаҳо мерасанд.
Дирӯз сойти Ахбор хабар дод, ки Файзуллоҷон Сафаров, сардори зиндони рақами 3 дар Хуҷанд ба ҳабс гирифта шудааст. Ду манбаъи мӯътамад ва шинохташуда, ҷузъиёти ошӯб дар зиндонро ба Паём расониданд.
Чӣ иттифоке дар зиндони Хучанд рух дод?
Тибқи иттилоъи манобеъи мӯътамад ва огоҳ аз казия, он чи дар зиндони Хуҷанд иттифоқ афтод, як эътироз ва шӯриши пешбининашуда ва худҷӯш дар эътироз ба бадрафтории кормандони зиндон нисбати зиндониҳо мебошад.
Шиканҷа, бадрафторӣ,таҳқир, тавҳин ва ришваситонӣ аз муқаррароти рӯзонаи зиндонҳои Тоҷикистон мебошад ва иллати сар задани ин шӯришро манобеъ чунин шарҳ доданд: “он рӯз чанде аз зиндониҳоро дар ҳавои сард луч барои соатҳо нигох доштаанд, албати ин як навъи маъмулии шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон мебошад”.
Он рӯз ҳаво дар Хуҷанд +5 буд ва чунин шиканҷа сабри зиндониҳоро лабрез карда, даст ба икдом мезананд ва идораи зиндонро ба даст мегиранд ва сардори шӯъбаи тарбиявии зиндон Мирсаид Қодировро, ки масъули шиканҷаи зиндониҳо буд асир гирифта, пешниҳоди музокира ба дигар ниҳодҳо медиҳанд.
Кӣ зиндониёнро тирборон кард?
Қисми дохилии зиндон ба ҷуз дидбонгоҳҳо комилан дар идораи зиндониҳо қарор мегирад, бақияи зиндонбонҳо ё фирор мекунанд ва ё пинҳон мешаванд.
Вале мақомот вориди гуфтугӯ бо ошӯбгарон нашуда, ба “Алфа”-ву ОМОН фармон медиҳанд ошӯбро бо истифода аз силоҳ пахш кунанд. ОМОН зиндонро муҳосира мекунад ва “Алфа” вориди он шуда, бидуни огоҳӣ ва гуфтугӯе ба тирандозӣ оғоз мекунад. Сабаби ба дӯши “Алфа” гузоштани тирандозӣ ва ба ОМОН додани муҳосираро манбаъ чунин шраҳ дод, ки аксарияти бачаҳои ОМОН аз минтақаи Суғданд, ки имкон дошт аз истифодаи силоҳ худдорӣ кунанд. Аммо бачаҳои “Алфа” аз манотиқи дигаранд ва таҷрибаи тиркушоӣ ба сӯи мардумро дар амалиётҳои Ғарму Хоруғ доранд.
“Алфа” дар торикӣ ҳамлаи кӯр-кӯронаро оғоз мекунад ва аз ҳар ҷое садо баланд шуд, тир мезанад. Манбаъ мегӯяд чанд зиндонбон низ аз тири онҳо захмӣ шудаанд.
Дастури оташкушоӣ, тибқи гуфтаи манбаъ, аз сӯи раиси КДАМ ва шояд нафари аввали кишвар содир шудааст. Сабаби вориди гуфтугӯ нашудани мақомот бо ошӯбгаронро, хавфи мақомот аз сирояти ошӯб ба зиндонҳои дигар мегӯяд, ки дар натиҷа мудирият вазъият душвор хоҳад гашт. Ҳамчунин ошӯби саросарӣ метавонист болои маъракаи таблиғшудаи Роғун соя афканад.
Фарзияи ДОИШ
Яке аз манбаъҳо дар бораи даст доштани ДОИШ дар ин шӯришро чунин шарҳ дод, ки дар ин зиндон афроде марбут ё муттаҳам ба ин гурӯҳ вуҷуд доштанд ва кушта шудаанд. Шояд ба хотири кушта шудани афродашон онҳо ин шӯришро ба душ гирифтаанд вале худи ошӯб дар натиҷаи эътироз ба шиканҷаи зиндониён сурат гирифтааст ва ҳеҷ гурӯҳе дар он аз қабл даст надоштааст.
«Ахбор» ҳам дар хабари дирӯзааш гуфт ду нафаре, ки ба раҳбарии ошӯб муттаҳам мешаванд, аслан ҳеҷ бастагие бо ДОИШ надоранд.
Ин манбаъ ҳамчунин гуфт, зиндониҳои ба ширкат дар ошӯб муттаҳамшуда шиканҷа мешаванд, то баёнот диҳанд, ки ошӯбро бо амри раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон ва раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ оғоз кардаанд.