Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Тоҷикистон мехоҳад наздик ба $800 млн.и дигар қарз гирад

$
0
0

$777 миллион доллари дигар қарзи хориҷаро тибқи Барномаи давлатии қарзи хориҷӣ Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад дар 3 соли оянда ҷалб намояд. Ҳоло қарзи берунаи Тоҷикистон бештар аз $2 млрду 700 млн мебошад.

Дар назар аст, ҳукумат соли 2019 — 261,8 млн., соли 2020 – 255,9 млн. ва соли 2021 – 258,6 млн. доллар қарзи хориҷӣ дарёфт кунад. Қарор аст соли ҷорӣ дар доираи ин Барнома Тоҷикистон 121,4 млн доллар қарзи хориҷӣ гирад.

Ин қарзҳо барои анҷоми лоиҳаҳое ҷалб мешаванд, ки дар кишвар дар ҳолӣ амалишавӣ қарор доранд. Қарз аз тарафи ҳукумат гирифта мешавад, вале онро субъектҳои хоҷагидори кишвар бояд баргардонанд.

Барномаи давлатии қарзҳои хориҷӣ айни замон аз 75 лоиҳаи амалкунандаи қарзӣ ва 67 созишномаи қарзии дар марҳилаи лоиҳакашӣ қарордошта иборат аст.

То 1 январи соли ҷорӣ маблағи умумии қарзҳои азхудшуда аз ҷониби ҳукумат тибқи Барнома 990 млн. долларро ташкил медиҳад.

Ин казҳо аз бештар аз Бонки содиротӣ ва воридотии Чин – беш аз 237 млн., Бонки аврупоии таҷдиду рушд – зиёда аз 85 млн. ва Бонки исломии рушд – наздики 73 млн. доллар гирифта шудаанд.  

Қарор аст дар се соли оянда маблағгузорони асосии Барнома Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд ва Бонки осиёгии рушд бошанд.

Аз Бонки аврупоии таҷдиду рушд Ҳукумат маблағгузории 17 лоиҳа дар ҳаҷми умумии наздики 177 млн. долларро интизор дорад. Аз Бонки ҷаҳонӣ беш аз 135 млн. ва Бонки осиёгии рушд – зиёда аз 70 млн. доллар ба нақша гирифта шудааст.

Маблағгузорони лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҳамчунин Фонди Саудии рушд, Фонди Кувейтии рушд, Бонки содиротӣ ва воридотии Чин, Бонки аврупоии сармоягузорӣ ва дигар кишварҳову созмонҳои мададрасон гуфта мешаванд.

Дар сурати дарёфти ин қарзҳо бо назардошти пардохти қарзҳои кӯҳна, қарзи хориҷии Тоҷикистон аз марзи 50 дарсади Маҷмӯъаи маҳсулоти дохилӣ ва 100 дарсади буҷаи солонаи кишвар убур хоҳад кард.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>