Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

12 000 хона дар Калифорниё ба хокистар табдил шудаанд

$
0
0

Мақомоти иёлати Калифорниёи Амрико аз пайдо шудан ҷасади ду тани дигар аз ҷонбохтагони оташсӯзӣ дар ин иёлат хабар доданд. Ба ин тартиб, шумори ҷонбохтагон то кунун ба 79 тан расидааст.

Тибқи иттлоъи манбаъ, ҳанӯз 699 нафари дигар дар ин оташсӯзӣ бе ному нишон шудаанд ва ҳеҷ иттилоъе аз онҳо дар даст нест. Ҳамчунин мақомот гуфтаанд наздик ба 12 ҳазор хона ба хокистар табдил шудаанд.

Гуфтанист, оташсӯзӣ дар Калифорниё то кунун 611 километри мураббаъро дар бар гирифтааст.

Ин оташсӯзӣ бузургтарин дар таърихи Калифорниё эътироф шуда, дар он ду шаҳрак пурра ба хокистар мубаддал шудаанд.

Хисороти воридшуда аз ин оташсӯзӣ 13 миллиард доллар тахмин зада мешавад.

Дар як оташсӯзии дигар дар ҷануби Иёлоти муттаҳидаи Амрико низ се нафар ҷон бохта, ба 450 хона хисорат ҷиддӣ ворид шудааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>