Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ёровҳо. Ҷамшед озод шуд, аммо Бузургмеҳр ба картсер рафт

$
0
0

Ҷамшед Ёров, вакили дифоъи Муҳаммадалӣ Ҳаит ва бародари Бузургмеҳр Ёров имрӯз тибқи қонуни авф ба озодӣ баромад.

Ҷамшед Ёров, бар асоси моддаи 311, қ. 1 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои ифшои маълумоти дорои сирри давлатӣ 22-ум август боздошт шуда буд. Аксари созмонҳои байналмиллалии дифоъ аз ҳуқуқи башар аз боздошти ӯ изҳори шадиди нигаронӣ намуда, озодии бидуни қайду шарташро талаб карда буданд.

Дар ҳамин ҳол Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов дирӯз ба утоқи нигаҳдории низомаш шадид (картсер) гузаронида шудаанд. Сабаби ин тасмими мақомот гӯиё ин будааст, ки аз кисаи Бузургмеҳр Ёров як даҳсомонӣ ва аз борхалтаи Нуриддин Маҳкамов нӯшокии кока-кола пайдо шудааст.

Аммо коршиносон мегӯянд, мақомот хостаанд ин ду вакили дифоъро барои фошгӯиҳояшон дар додгоҳ ҷазо диҳанд.

Созмонҳои байналмиллалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон озодии Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов ва аъзои Раёсати олии ҲНИТ-ро ҳам талаб доранд.  


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>