Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон тибқи одати доимияш ваъдаи нави расидан ба зиндагии шоиста кард. Тибқи ин ваъдаи ӯ Тоҷикистон бояд дар соли 2030 аз кишвари аграрӣ ба саноатӣ-аграрӣ табдил шавад.
Дар маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон, ки имрӯз баргузор шуд, лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул карда шуд.
Ин дуюмин стратегияи дарозмуддати рушди кишвар буда, ба гуфтаи муаллифонаш, дар он ҳадафҳо, захираҳои мавҷуда, таъсири омилҳои беруна ба рушди кишвар ба инобат гирифта шудааст. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 давоми 15 соли оянда ҷиҳати муҳайё намудани зиндагии шоистаи мардум пешбинӣ гардидааст.
Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи ин ҳадафҳо якчанд омили муҳим, аз ҷумла рушди неруи инсонӣ, рақобатпазирии бахши иқтисод бо сатҳу сифати баланд, саҳми саноат дар рушди Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, аз кишвари аграрӣ ба индустриалӣ — аграрӣ табдил додани кишвар, се баробар аз 17 то 45 миллиард соат боло бурдани иқтидори энергетикии ҷумҳуриро, номбар кард.
Маълумотнок кардани аҳолӣ, боло бурдани сатҳи дарозумрии аҳолӣ, кам кардани шумораи фавти модару кудак, беҳтар кардани шароити зиндагӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва бо шуғл фаро гирифтани мардум, устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои рушди микро ва макроиқтисодии кишвар, аз омилҳои дигари татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маънидод гардид.
Таъкид гардид, ки барои пурра ноил гардидан ба ин стратегия дар назди давлату ҳукумати кишвар ва ниҳодҳои он як қатор вазифаҳои муҳим меистад. Дар амал татбиқ кардани се самти стратегии мамлакат-– баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа дар ин самт аст.
Ёдовар мешавем, ки ҳамин се самти стратегӣ дар барномаи аввали стратегияи дарозмуддати рушди кишвар барои солҳои 2009-2015 вуҷуд дошт, ки бо эътирофи худи ҳукумат 57 дарсад, аммо дар асл ҳудуди 30-35 дар сад иҷро шудааст.