Полиси вилояти Измири Туркия аз боздошти бародари Фатҳуллоҳ Гулен, раҳбари ҳаракати «хидмет» дар ин кишвар хабар дод.
Ба иттилои полиси вилояти Измири Туркия Қутбиддин Гулен дар минтақаи Ғози Амири ин устон аз сӯи нерӯҳои амниятӣ боздошт ва равонаи зиндон шудааст .
Полиси вилояти Измир маълумоти бештаре дар хусуси иттиҳомоти дақиқ ва муддати боздошти Қутбиддин Гулен эълом накардааст .
Бар асоси ин гузориш, Вазорати додгустарии Туркия ҳам бо таъкид бар инки дастури кудатои нофарҷоми 15-и июли соли ҷорӣ дар ин кишвар ба таври мустақим тавассути Фатҳуллоҳ Гулен содир шуда, хоҳони дастгирии вай дар Амрико шудааст .
Кишвари Туркия Фатҳуллоҳ Гуленро, ки дар ҳамчун паноҳанда дар Амрико зиндагӣ мекунад, сабаби аслии талош барои анҷоми кудатои нофарҷом дар Туркия муаррифӣ кардааст .
Мақомоти Туркия дар паи ин кудато поксозии густардаи тарафдорони Гуленро дар бахшҳои давлатӣ, артиш, мақомоти судӣ, омӯзиш ва иқтисод оғоз кардаанд ва тафтишот идома дорад .