Имрӯз дар ҷаласаи нахусти иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ сурат гирифт.
Вакилон бо навбат ба минбар баромада, бо гузоштани дасти рост ба Конститутсия матни савганди тасдиқшударо хонданд. Аввалин шуда савгандро раиси МН МО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ёд кард.
Дар раъйпурсии санаи 22 майи соли ҷорӣ суратгирифта ба Конститусияи ҷумҳурӣ дар бораи савгандёдкунии вакилони парлумон ба мардуми кишвар ва аъзои ҳукумат ба президент тағйирот ворид гардида буд.
Тартиби савгандёдкунии вакилони палатаи поёнӣ ва болоии парлумон тибқи қонунҳо «Дар бораи Маҷлиси Олии ҶТ» ва «Дар бораи мақоми ҳуқуқии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ» танзиму муқаррар мешавад.
Тағийрот ба қонунҳои зикршуда ва қонун «Дар бораи ҳукумати ҶТ»-ро ҳукумат охири моҳи июн таҳия ва ба хотири баррасӣ ба парлумон ирсол намуд. Вакилон онро бидуни баррасӣ ва якдилона маъқул шумориданд.
Мувофиқи қонунгузорӣ, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пас аз интихоб ё таъинот дар ҷаласаҳои палатаҳо ба мардум савганд ёд карда, аъзои ҳукумат баъди таъинот аз ҷониби президент ва тасдиқи фармон, ба содиқ будан ба президент савганд ёд мекунанд ва ин маросим дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаҳои парлумон сурат мегирад.
Аммо бино ба қавли ҳуқуқшиносон хиёнат ба қасам ва ё хлофкориҳо дар анҷоми вазифа ба ёд кардани қасам ҳеҷ рабте надошта аз пай ҷавобгарие надорад.
Ҳуқуқшиноси маъруф, собиқ ҷонишини прокурори генералӣ, ҷонишини вазири адлияи ҶТ, айни ҳол узви МН МО ҶТ Азизмуҳаммад Холмуҳаммазода ба хабарнигорон ба саволи хиёнат ба қасам чӣ паёмад хоҳад дошт, гуфтааст:
Қонунгузорӣ ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ накардааст. Лекин ин ҷавобгарии маънавӣ дорад. Дар қонунгзорӣ пешбинӣ нашудааст, ки барои риоя накардани савганд вайро аз мақоми вакилӣ маҳрум мекунанд, аммо ман фикр мекунам ӯ бояд ихтиёран даст кашад. Чунин афрод ҳуқуқи маънавии вакилиро надоранд.
Пас маълум мешавад, қасамёдкунии «қонунӣ» ба ҷуз назарфиребӣ чизи дигаре набуда, масъулини бемасъулияти кишвар ва «намояндагони мардумӣ», ки бо интихоботҳои пуртақаллуб курсии вакиливу мансабро соҳиб шудаанд, мехоҳанд бо ин роҳ боварии мардумро касб кунанд.