Ҳайати тадорукотии сафари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кӯлоб, ки қарор аст 5-уми октябр роҳандозӣ шавад, ба имомхатибони ин минтақа супориш додаанд занони худро ба пешвози раисҷумҳур бароранд.
Имомхатибон муваззаф шудаанд ба ҳамсарони худ либосҳои чакан бипӯшонанд ва онҳоро муваззаф кунанд то пешопеши ҳайати ҳукуматӣ масофаеро бо рақсу сурудхонӣ тай кунанд.
Мардуми маҳал ҳам вазифадор карда шудаанд якуним километрро, ки қарор аст Эмомалӣ Раҳмон пиёда тай кунад, қолинпӯш намоянд ва ҳарҷо кати чӯбин гузоранд.
Сафари Раисҷумҳур ба Кӯлоб бояд пештар сурат мегирифт вале чанд бор ба қафо партофта шуд. Билохира ин сафар имрӯз 3-юми октябр аз ноҳияи Мӯъминобод оғоз шуд.