Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Бузургмеҳр Ёров дар як даст Қуръону дар дасти дигар Сарқонун, додгоҳро “тарконд” — 2

$
0
0

Қисмати аввали баҳсҳои Бузургмеҳр Ёровро бо додрас ва додситон ҳангоми ироаи сухани охиринаш мо қаблан нашр карда будем. Инак идомаи он баҳс:

Баъдан Бузургмеҳр гуфт ман чанд оят аз Қуръони карим мисол меорам, ки ба додрас ва додситон таъаллуқ дорад. Ончӣ ба додрас таъаллуқ дорад сураи “Раҳмон” ояҳои 7,8 ва 9 аст. (Ва осмонро барафрошт ва мизонро (тарозу) қарор дод. Ва дар мизон таҷовуз накунед. Ва вазнро дар асоси адл барпо доред ва мизонро кам накунед).

Ёров иснод овард, ки “ман 5 моҳ пеш дархост карда будам, ки ҳукми ҳабси пешакӣ аз ман бардошта шавад. Додгоҳ ин дархости маро 5 моҳ баррасӣ кард, ҳол он ки бояд дар ду ё се рӯз посух мегуфт. Танҳо ҳамин моҳ (сентябр) ба ман посух доданд, ки не, дархостат рад шуд. Наход як дархост 5 моҳ баррасӣ шавад?”

“Дар масъалаи ифротгароӣ дар навиштаву гуфтаҳои ман Раёсати адлия ва Кумитаи дин хулоса доданд, ки ифротгароӣ нест — изҳор дошт Бузургмеҳр — вале се муаллими бесаводи донишгоҳ хулоса медиҳанд, ки дар навиштаҳои ман ифротгароӣ дида мешавад. Мо дархост кардем, ки ин се муаллим ба додгоҳ оварда шаванд. Вале ин дархост ҳам рад шуд. Чун медонанд, ки ин хулоса дурӯғ аст. Ман боварии комил дорам, ки ин се муаллим на танҳо навиштаҳои ман, ҳатто хулосаи имзокардаи худашонро нахондаанд. Ба онҳо амр кардаанд, ки имзо мекунӣ, бечораҳо имзо кардаанд”.

Дар бораи “ҷабрдидагон” ҳам Ёров гуфт, “чаро аз 18 “ҷабрдида”-е, ки гӯё зидди ман даъво кардаанд, ҳатто як нафараш дар додгоҳ ҳозир нашуд?” Ва аз сохтакории тафтишот мисол овард, ки “дар фалон мурофиа ман ширкат карда будам. Вале тафтишот протоколро тағйир дода, аз ҳама ҷо номи ман ва суханҳоямро бардоштаанд, гӯё ман ширкат накардаам. Вале бечораҳо фаромӯш кардаанд, ки дар аввали он, ки номи ширкаткунандаҳо оварда шудааст, бардоранд ва номи Бузаргмеҳр Ёров дар рӯйхати ширкаткунандагон боқӣ мондааст. Шумо он қадар бесаводед, ки — ба додситон рӯй оварда гуфт ӯ — ақалан сохтакориро дуруст анҷом дода наметавонед.”

Сипас гуфт “акнун барои додситон аз Қуръон мисол меорам. Ончӣ Қуръон дар бораи ин гуна одамон гуфтааст мисолаш дар сураи Аъроф ояи 179 аст. Худованд дар ин оят мегӯяд “Ба таҳқиқ мо бисёре аз ҷин ва одамонро барои ҷаҳаннам офаридаем. Онҳо қалбҳое доранд, ки дарк намекунад ва онҳо чашмҳое доранд, ки намебинанд ва онҳо гӯшҳое доранд, ки намешунаванд. Онҳо мисли чаҳорпоёнанд, балки пасттар аз онҳо. Онҳо ғофилонанд””. Калимаи “чаҳорпоёнанд”-ро дар ҳоле, ки ба додситон бо сар ишора мекард чаҳор мароиба такрор кард.

Додситон бархосту эътироз кард, ки Ёров маро таҳқир карда ба чаҳорпоён ташбеҳ кард. Бузургмеҳр посух дод, ки “инро ман нагуфтаам. Худованд дар Қуръонаш гуфтааст, метавонӣ Қуръонро рӯи мизат гузориву кушода нигоҳ кунӣ, агар ягон чизе аз худам илова кардам, баъд метавонӣ эътироз кунӣ. Ман танҳо мисол овардам.”  

Додрас ҳам эътироз кард, ки аз калимаҳои таҳқиромез парҳез кунад. Бузургмеҳр гуфт “агар шумо намехоҳед, ман умуман гап намезанам. Вале агар мехоҳед, ки сухани охири ман гуфта шавад, ман онро бо мисолу далелҳо мегӯям”.

Дар масъалаи дифоъ аз боздоштшудаҳои ҲНИТ гуфт, ки “ман вакили дифоъ ҳастам ва ҳар касе ба ман муроҷиъат кард, новобаста аз он, ки ӯ узви чӣ ҳизбе ҳаст, ман аз ӯ дифоъ хоҳам кард. Чун ин вазифаи ман аст. Занҳояшон омаданду хоҳиш карданд, ки вакилии онҳоро ба дӯш гирам. Ҳатто гуфтанд, ки пул ҳам надорем. Ман аз онҳо пул нагирифтам. Ҳар кадомаш хост дод, надоштагияш надод. Қисме аз онҳое, ки пул дода буданд, баъди боздошти ман пулҳояшонро талаб карданд, хонаводаам баргардонд. Вале ман намефаҳмам, ки шумо аз чӣ тарсида, маро ба ҳабс гирифтед. Додгоҳ дар дасти худатон, ҳукмро қозӣ содир мекунад, додситон ҷазо таъин мекунад, аз дасти ман чӣ меомад? Лекин барои ман ҳимоят аз онҳо шараф аст. Барои ман ҳамин бас аст, ки хоҳари Зарафо дар мурофиаи додгоҳи Фирдавсӣ ширкат мекард, наздам омаду гиря кард. Гуфт, ки мо хеле зиқ ҳастем, шумо барои мо зиндон шудед. Ба хотири мо шумо ҳоло инҷоед. Ва хеле ашк рехт. Барои ман ашки ҳамон духтар аз тамому пулу мол болотар аст. Бароям ифтихор аст, ки ӯ ба хотири ман ашк рехт.”

Бузургмеҳр бори дигар ба тамғаи ифротгароие, ки ба ӯ задаанд баргашт ва гуфт, ки “маълум мешавад ман ҳамчун ифротгаро 3,5 сол дар Ғарм ҷанг кардам. 25 ёру рафиқамро аз даст додам. Аз байни 750 донишҷӯ якумин шуда ман ҷанг рафтам. Аз ҳамон вақт ман ифротгаро будам? Ман пинҳон зиндагӣ намекардам, ки экстремист бошам. Ҳама ҷӯраҳои ман шахсони мансабдор буданд. Намояндаи Тоҷикистон дар Чин ҳамсинфу рафиқам аст, додситони Қӯрғонтеппа, сардодситони Қӯрғонтеппа, сардодситони ҳарбӣ, додситони Истаравшан, ҳама шарикдарсони мананд. Ман ҳамеша байни онҳо будам. Ё шуморо намешинохтам? — ба додрас муроҷиъат намуда гуфт ӯ, —  чанд мурофиаро мо бо ҳам баррасӣ кардаем, чандин бор ба утоқатон омадаам, тамоми машваратчиёни додгоҳро мешиносам.”

Баъд ба додситон ишора карду гуфт “ана ин Саховро ҳам ман мешинохтам. Бисёр ба утоқи корияш мерафтам. Агар ман ифтротгаро мебудам, ифротгароиямро бо шумо мекардам. Чанд ҳазор донишҷӯро дар донишгоҳ дарс додаам. Ба кадоме аз онҳо ман дарси ифротгароӣ додаам? Чанд ифротгаро тайёр кардам?”

“Ин Сахови бесавод — ба додситон ишора карда гуфт Бузургмеҳр — панҷ моҳ дар мурофиа ширкат кард. Ин қадар инҷо баҳсу талош шуд. Лекин баъди панҷ моҳ боз ҳамон айбномаеро, ки дар аввал хонда буд, такроран хонд. Ягон ҳарф илова накард. Панҷ моҳ чӣ кор мекард дар додгоҳ?”

“Вақте ман коллегияи вакилонро таъсис додам, Раисҷумҳур маро дастгирӣ кард, Бобохонов кӯмак кард, ҳама дастгирӣ карданд. Маълум мешавад онҳо ифротгароро дастгирӣ кардаанд. Дар Тоҷикистон 6 коллегияи вакилони дифоъ буд ва ду ҳазор вакил. Аз ин ду ҳазор 850 нафар дар коллегияи ман буданд. Ман Эрон, Афғонистон, Покистон, Туркия рафтам. Мо на барои 8 миллион, барои 680 миллион аудитория кор мекардем. УБОП баъди сафари ман ба Эрон, омада аз ман баёнот гирифт, ки Додгоҳи олиро дар Эрон танқид кардӣ. Ман гуфтам, хоҳам дар ҳамин Тоҷикистон ман Додгоҳи олиро танқид мекунам. Чӣ зарурат дорад, ки ман дар Эрон танқид кунам?” — гуфт Ёров.  

Бузургмеҳр илова кард “ман аз соли 2000-ум 15 сол дар дастгоҳи идеологии Раисҷумҳур фаъолият кардам. 15 сол ман дар телевизиони давлатӣ баромад кардам ва дар ин қадар сол ҳамагӣ як бор ба ман эрод гирифтанд. Ва он ҳам эроди Додгоҳи Олӣ буд. Абдуҷаббор Раҳмонов, ки он вақт роҳбари Кумитаи телевизион буд, маро ҷеғ зада гуфт, ки нисбати ту эрод ҳаст. Гуфтам эродгирандаро ҷеғ занед, ҳал кунем. Аз Додгоҳи Олӣ омаданд ва ман собит крадам, ки ҳақ ҳастам. Абдуҷаббор Раҳмонов гуфт, ки “Офарин Бузургмеҳр. Афсӯс, ки аз Данғара нестӣ. Агар аз Данғара мешудӣ, додситони кулл мешудӣ””.

Идома дорад.

P.S. Имрӯз мурофиаи Бузургмеҳр Ёров ба охир расид ва додрас ба хонаи машваратӣ рафт. Ҳукми ӯ ва Нуриддин Маҳкамов 6-уми октябр эълон хоҳад шуд.  


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>