Сардабири нашрияи ‘’Точикистон’’ Шариф Ҳамдампур бо Сафири Олмон дар Тоҷикистон ҷаноби Найтхарт Хёфер-Виссинг мусоҳабаи тӯлонӣ анҷом додааст, ки ахиран дар шабакаҳо паҳн гашт.
Маълум аст, ки тамоми ин саволҳои ҳошиявӣ ба хотири саволи асосӣ дар бораи ҲНИТ дода шудааст, то аз забони як дипломати хориҷӣ алайҳи ҳизб калимае кашида бигирад. Аммо сафир хеле муаддабона, вале возеҳу равшан гуфтааст, ки Олмон даъвои ҳукуматро эътироф намекунад.
Ҳамдампур зимни саволаш як дурӯғи шохдоре ҳам гуфтааст, ки барои хонандаи ноогоҳ равона шудааст. ‘’Дар Тоҷикистон ва иддае аз кишварҳо ҲНИТ—ро ҳизби террористӣ медонанд’’, мегӯяд ӯ дар оғози саволаш. Вале номи ҳеҷ кадоме аз ин кишварҳоро намеорад. Зеро чунин кишваре вуҷуд надорад. Ва ӯ ошкор дурӯғ мегӯяд, мисли ҳамеша. Дурӯғе, ки дар дохили калимаҳо ва ҷумлаҳои умумӣ пинҳон карданаш осон аст. Ӯ дақиқан инҷо ҳамин услубро истифода кардааст.
Дар посух сафири Олмон ҷавоби ҳуқуқӣ ва сиёсии дандоншикан додааст, ки ‘’ ман борҳо сари ин масъала бо масъулини Вазорати корҳои хориҷӣ ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон суҳбат доштам. Аз онҳо хоҳиш намудам, ки асноди раднопазири террористӣ будани ҳизб ва ашхоси шомили онро пешниҳод кунанд’’.
Агар ин ҷумлаи ҳуқуқӣ ва сиёсиро барои афроди умумигӯ мисли Ҳамдампур тафсир кунем, маънояш он аст, ки шумо то ҳол ҳеҷ далеле пешниҳод накардед, ки террористӣ будани ин ҳизб ва афроди шомили онро исбот кунад. Яъне, иттиҳомоти шумо алайҳи ин ҳизб мардуд ҳастанд ва шумо ҳарчӣ мехоҳед гуфтан бигиред, мо кори худро мекунем. Ҳамзамон, сафир ба Ҳамдампури ‘’прокурор’’ тартиби ҳуқуқии террористӣ эътироф кардани як ҳизбро дар кишвараш шарҳ медихад, то ки минбаьд бо чунин саволҳои аҳмақона ба дипломатҳои хориҷӣ ва мутахассисон муроҷиат накунад.
Иттифоқан, тартибе, ки сафир аз кишвараш мисол меорад, хоси ҳамаи кившарҳои олам аст, аз ҷумла Тоҷикистон. Ва то имрӯз ҳеҷ кишваре, ғайр аз Тоҷикистон, дар сатҳи Додгоҳи Олии худ парвандаи ҲНИТ—ро баррасӣ накардааст ва ҳукме ҳам содир нашудааст. Пас даъвои ‘’иддае аз кишварҳо’’ як дурӯғи ошкор ва гумроҳ кардани хонандаи ноогоҳ аз тарафи Ҳамдампур мебошад. Оне, ки яке аз зерсохторхои Созмони Шанхай, СПАД ё ҳар созмони дигар ин ё он созмонро вориди рӯйхати худ мекунад, ин дар асоси ойинномаи ин зерсохторҳост, ки хар кившари узв метавонад номи ин ё он шахс ё созмонро вориди рӯйхат кунад ва ин маънои ба таври автоматӣ эътироф карданро надорад. Масъалаи эътироф сирф салоҳияти ниҳодҳои миллии ин кишварҳост, ки то ҳол дар ҳеҷ кишваре сурат нагирифтааст.
Кӯшишҳое мисли ин, яъне пайдо кардани камтарин эътирофе аз тарафи як сиёсатмадори хориҷӣ алайҳи ҲНИТ, қаблан ҳам аз тарафи мақомоти Тоҷикистон ва рӯзноманигорони ҳукуматӣ зиёд дида шудаанд. Вале бо фарқ аз мақомоти Тоҷикистон, сиёсатмадорони хориҷӣ қабл аз задани ҳар ҳарфе ё анҷом додани амале ба дурустии он диққат медиҳанд ва авоқиби онро барои худу кишварашон андеша мекунанд.