Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

“Ҳаҷми истеҳсолот дар Хуҷанд аз марзи 1 млрд сомонӣ гузашт”

$
0
0

Ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида дар шаҳри Хуҷанд, дувумин шаҳри Тоҷикистон, барои бори аввал аз марзи 1 миллиард сомонӣ убур кардааст. Дар ин бора раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар нишасти хабариаш иттилоъ дод.
«Дар маҷмӯъ ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида бори нахуст аз сатҳи 1 миллиард сомонӣ зиёд гардида, он ба 1 млрд 033,3 миллион сомонӣ расид. Ин нисбат ба соли 2017 11,6 фоиз зиёд аст», — гуфт Муҳаммадзода.
Ҳудуди 19 дарсади маҳсулоти истеҳсолшуда, ба хориҷ содирот шудаанд, ки маблағи он 188,4 миллион сомонӣ (ҳудуди 20 млн доллар) мебошад. Ба гуфтаи раиси шаҳр, содиркунандагони асосии Хуҷанд 11 корхонаи саноатӣ будааст.
Ҳаҷми умумии гардиши хориҷӣ бошад, 290,2 млн долларро ташкил додааст. Яъне воридот аз содирот 15 баробар бештар аст.
Муҳаммадзода иттилоъ дод, соли гузашта аз ҷониби 163 коргоҳи хурду бузурге, ки 88 намуд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мекунанд, ҳаҷми 63 намуди он нисбат ба соли қаблӣ зиёда аз сад фисад таъмин гардид.
Тибқи гуфтаи шаҳрдори Хуҷанд соли 2018 аз маркази вилояти Суғд ва ҷойҳои таърихии он беш аз 64 ҳазор нафар сайёҳ, аз ҷумла 4300 нафар сайёҳи хориҷӣ дидан намуданд. Ҳаҷми хизматрасонӣ дар ин давра дар маҷмӯъ 2,7 млн сомониро дар бар гирифт.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>