“Самимияту хоксории Президенти Олмон ва ҳамсараш бароям аҷиб буд, ки вақти гарони худро дареғ надошта бо як паноҳанда дидору гуфтугӯ мекунанд”.
Руҳуллоҳ Тиллозода, муҳоҷири тоҷик дар Олмон бо нашри як акс ҳамроҳ бо раисҷумҳури Олмон ва ҳамсараш аз дидору гуфтугӯ бо ӯ дар ҳошияи як конфронс хабар додааст.
“Дӯстонам маро ба ин конфронс даъват карданд ва дар ҳошияи ин нишаст бо Президенти кишвари Федеролии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер ( Frank-Walter Steinmeier) ва ҳамсараш Элке Бюденбендер (Elke Büdenbender) дидори сари роҳӣ доштам” — навиштааст ӯ.
Тилозода навиштааст дар сӯҳбати кӯтоҳ бо раисҷумҳури Олмон “бо мисол овардан аз саргузашти ҳуқуқшиносону рӯзноманигорон ва ҳамсару фарзандонам вазъи демократия дар Тоҷикистонро шарҳ додам. Дар рафти сӯҳбат зикр кардам чуноне, ки ДОИШ бо амалҳои ношоистааш номи Исломро доғдор кардааст, Раҳмонов низ бо амалҳои худхоҳонааш номи демократияро сиёҳ дорад”.
Ӯ аз хоксории раисҷумҳури пешрафтатарин кишвари Аврупо изҳори таъаҷҷуб намудааст:
“Аз ин нишаст таассуроти хуб гирифтам ва самимияту хоксории Президенти Олмон ва ҳамсараш бароям аҷиб буд, ки вақти гарони худро дареғ надошта бо як паноҳанда дидору гуфтугӯ мекунанд. Рафтору гуфтор ва хоксории Президенти як кишвари бойтарин дар Аврупоро бо рафтору гуфтори қашшоқтарин кишвари Осиёи Марказӣ муқоиса кардаму дар ҳайрат мондам” — зикр кардааст Руҳуллоҳ.
Тибқи навиштаи Тиллозода, ҳамсари раисҷумҳури Олмон Элке Бюденбендер корти шиносоияшро бу ӯ дода, хостори маълумоти бештар дар бораи Тоҷикистон ва муҳоҷиронаш шудааст.
Руҳуллоҳ Тиллозода писари раҳбари Паймони Миллии Тоҷиикистон Муҳиддин Кабирӣ аст, ки номаш баъди “ошӯб”-и ҷенерол Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода расонаӣ шуда буд. Он замон мақомоти Тоҷикистон ӯро ба расонидани 1 миллиону 200 ҳазор доллари падараш ба Ҳоҷӣ Ҳалим гунаҳгор мекарданд. Худи Руҳуллоҳ ин иттиҳомро бо сароҳат рад карда, гуфта буд, ки дар умраш ҳатто 100 ҳазор доллари нақдро надидааст.
Баъдан номи Руҳуллоҳ Тиллозода бо сабаби писараш Ҳамза расонаӣ шуд. Ҳамза Тиллозодаи шашсола, ки ҳамроҳ бо модараш дар гаравгонии мақомоти Тоҷикистон қарор дошт, ба бемории саратони ҷанин гирифтор шуда буд. Мақомоти Тоҷикистон аз сафари ӯву модараш ба хориҷ барои табобат ҷилавгирӣ карданд, вале баъди роҳандозии як кампини саросарӣ маҷбур ба раҳо кардани модару писар шуданд.
Тибқи иттилоъи наздиконаш, ҳоло саломатии Ҳамза пурра барқарор шуда, асари саратон аз бадани ӯ ба куллӣ маҳв шудааст.
Қазияи Ҳамза Тиллозода ва Фотима, духтари Шабнам Худойдодова боиси баҳамоии гурӯҳе аз фаъолони ҷамъиятӣ шуд, ки баъдан сабаби таъсиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ гардид.