Ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон — “Ӯзбекистон ҳаво йӯллари” кампини арзонсозии қимати билети ҳавопаймо ба самти Маскав аз пойтахти ин кишварро роҳандозӣ кардааст.
Тибқи ин барнома қимати билетҳо дар клосҳои арзонтарин бронкунӣ поён бурда шуда, ба як тараф аз 100 евро ва рафту баргашт 200 евро оғоз мешавад. Ин кампин аз 4 феврал то 31 март идома карда, имкон дорад баъдан ҳам давом ёбад.
Дар ҳамин ҳол ширкати “Сомон Эйр” ягона ширкати боқимонда дар Тоҷикистон, қимати билетҳояшро барои моҳи феврал ва то 21 март 190 евро ва сар аз 21 март 207 евро муайян кардааст.
Баҳор мавсими сафари муҳоҷирони корӣ ба Русия аст ва сар аз моҳи март қимати билетҳо дар Тоҷикистон бо шиддат боло меравад.
Баъди боз шудани сарҳад бо Ӯзбекистон қисме аз мусофирони тоҷик, бинобар гаронии нархи билетҳо, рӯ ба ширкатҳои кишварҳои ҳамсоя оварданд ва тавассути шаҳрҳои Ӯзбекистону Қирғизистон парвоз мекунанд.
Фарқи дубаробарии қимати билетҳо метавонад қисмати бузурге аз мусофирони тоҷикро ба самти Тошканд ва дигар шаҳрзои Ӯзбекистон барад. Ин гароиш метавонад “Сомон Эйр”-ро маҷбур ба поён бурдани қимати билетҳо созад.
Вале бо назардошти ин ки молики Сомон Эйр Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси раисҷумҳури Тоҷикистон аст ва ӯ дорои таъсири бузург дар ҳукумат мебошад, ин имкон ҳам вуҷуд дорад, ки дар сафари мусофирони тоҷик тавассути кишварҳои ҳамсоя маҳдудият ҷорӣ карда шавад.