Вазъи маориф дар Тоҷикистон, ба хусус моҳонаи ками муаллимон ҳамеша доғ аст. Бар замми доштани яке аз камтарин моҳонаҳо дар ҷаҳон, муаллими тоҷик солҳост, ки бори миннати мақомотро мекашад.
Вале ин ҳам ними мусибати муаллим аст. Чанд ниҳод — сар аз вазорати маорифу мақомоти маҳаллӣ то корхонаҳои хусусии мутаъаллиқ ба афроди наздик ба ҳукумат, ҳамеша як даст дар кисаи муаллим доранд ва қисме аз моҳонаи ночизашро бо ҳар баҳона азхуд мекунанд.
Як муаллими ҷавон аз ноҳияи Исфара дар гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” моҳ ба моҳ бо кадом баҳона ва чӣ миқдор гирифта шудани моҳонаи муаллимонро шарҳ додааст. Ӯ менависад, тибқи ҳисобе, ки кардааст ҳудуди 40 дарсад аз моҳонаашро бо ҳар баҳонае кашида мегиранд.
“Ман ҳоло дар яке аз мактабҳои шаҳри Исфара кор мекунам ва музде, ки ҳар моҳ мегирам қариб 40%-аш боз ба худи мактаб ё маориф ё ободонии шаҳру деҳот сарф мешавад” — навиштааст муаллими ҷавон.
Ӯ дуздии моҳонааш аз тарафи ниҳодҳои гуногунро чунин шарҳ додааст:
Ҳар моҳ 900 сомон музди меҳнат мегирам аммо ин гуна ба худи маориф сарф мекунам;
- Моҳи сентябр — обунапулии муаллимон 300-сомон, сару либоси ягонаи омӯзгорон 500-сомон аз ҳама арзонаш, гӯшаи синфӣ 80-сомон, журнали синф 30-сомон, қаҳрамонҳои ҶТ 80-сомон, шиори синф, 40-сомон, аёниятҳо 50-сомон аз ин зиёд….
- Моҳи октябр — Дафтари роҳбари синфӣ аз душанбе меояд 25-сомон, дафтари таҷрибаивазкунӣ 25-сомон боз давоми обуна 300-сомон аёниятҳо 50-сомон ё зиёдтар….
- Моҳи ноябр — Якчанд маротиба ба маркази шаҳр даъват мекунанд, мавзӯъ ин аст; «Ҷавонон ояндаи миллат» ва дар маҷлис мегӯянд, ки аз имкониятҳо истифода баред дигару дигар..ҳар боре ҷеғ зананд қариб 50-сомон сарф мешавад ва ба рузи констутсияву чанд чизи дигар бар болои инҳо боз барои ободонии шаҳр 2-рузина музди меҳнати омӯзгорон яъне 60-сомон ё зиёдтар. Бар замми пули 11-рӯзи таътилро надоданд яъне 300-сомон кам доданд, аёниятҳо 50-сомон аз ин зиёдтар…
- Моҳи декабр — Аёниятҳо 50-сомон боз зиёдтар ё боз кадом китобчае фурӯхта шуд ба маблағи 30-сомон номаш дар хотирам нест, барои он, ки лозим нест, ҳатто хонданиат намеояд он китобчаи 20 варақаро, барои ташкилии соли нав 50-сомон…..
- Моҳи январ — 10-рузи таътилро надоданд яъне 300-сомонӣ музди меҳнатро кам гирифтам. Аёниятҳо то 50-сомон диски дарсҳои аёниятдор 20-сомон ва ғайра….
- Моҳи феврал — Шояд дар ин моҳ пурра гираму лекин, барои Наврӯз бояд шаҳрамонро обод кард ва барои ҳамин 3-рӯзина музди меҳнатамон яъне боз 100-сомонӣ аст, ки ҳар сол ин кор сурат мегирад. Барои 23-уми феврал шояд ягон чорабиниву меҳмондаъваткунӣ бошад боз 50-сомон ва барои боз аёният 50- сомон ё аз ин зиёдтар.
- Моҳи март аз ҳама моҳи бадтарин аст, ки ҳар сол барои 5-сотиқ замини аз тарафи муаллимиам гирифтаам 150-сомон месупорам, вале фоидаи замин 200-сомон мешавад ва боз барои ободонии шаҳр 60-сомон ва барои Наврӯз 50-сомон, боз 300-сомон барои истироҳати 8-рӯзина медоранд, барои он, ки таътил будааст!
- Моҳи апрел — дар ин мо гап надорам, лекин аниқ аст мисли дигар моҳҳо боз комиссияву дигару дигар лоақал 200-сомон мегиранд….
- Моҳи май — Саволномаҳои имтиҳон аз шаҳри Душанбе меояд ва нархаш 15-сомонӣ аст. Ман аз 3 фан бояд имтиҳон гирам яъне 45-сомон ва ҷавоби имтиҳонҳоро бояд ба талабагон чопӣ карда дастрас кунем, аммо бепул бояд фурӯшему аз пули худамон чоп кунем то 30-сомон. Барои ин моҳ ҳам шукур….
- Моҳи июн. То 22-юми июн рузи кориам аст, вале фақат ба рӯзҳои имтиҳон пул медиҳанду халос, яъне фақат барои се имтиҳонам музди меҳнати серӯзаамро, ки 90-сомонӣ аст.
- Моҳи июл — Ба русиаш гӯям беҳтар мефаҳмед «отпусной» мегирем, аммо онро ба ду тақсим карда медиҳанд. Мисол: агар 1000-сомонӣ гирам, 500-сомон якбор ва 500-сомонии дигар.
- Моҳи август — дар ин моҳ ман каме мардикорӣ мекунам, ки музди меҳнатам умуман қариб нест. Яъне барои 5-рӯз музди меҳнат медиҳанд, аз руи 1-ставкаи корӣ ин баробар ба 80-сомонӣ мешавад. Вале сарфаамро бинед, ки барои аз духтур гузаштан камаш 120-сомонӣ сарф мекунам, 40-сомонӣ қарз мегирам ва барои зиндагии оилаам сифр яъне пул нест, барои ҳамин инак 4-сол боз муаллим аммо ҳам мардикор.