Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Заминҳои Данғара обёрӣ мешаванд?

$
0
0

Мақомоти Тоҷикистон қасд доранд заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Данғараро обёрӣ намуда ба заминҳои ҳосилхез табдил диҳанд. Ин яке аз пружаҳои бузурги обёрии заминҳои бекорхобида дар Тоҷикистон аст, ки бо кӯмаки сармоягузорони хориҷӣ анҷом мешавад.  

Раҳбари Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Холмурод Раҳмон, зимни нишасти матбуотиаш гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 6 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 165,4 миллион доллар амалӣ мешавад. Ӯ зикр кард, ҳудуди ними ин маблағҳо азхуд шудаанд, аммо самти азхудшавиро зикр накард.

Масоҳати заминҳо дар Данғара, ки мақомот қасди обёрии онро доранд, 1750 гектар буда қарор аст барои ин кор $30 млн 540 ҳазор масраф гардад. Наздики 88 дарсади ин маблағҳо аз тарафи Бонки Исломии Рушд ҷудо шуда, каме беш аз 12 дарсади онро ҳукумати Тоҷикистон пардохт мекунад.

Тибқи гуфтаи Холмурод Раҳмон, 900 га аз ин заминҳо барои кишти пахта, 350 га барои кишти ғалладона ва 300 га барои бунёди боғҳо истифода хоҳад шуд. Ӯ пешбинӣ кард дар ин заминҳо ҳудуи 8 ҳазор нафар соҳиби ҷойҳои корӣ мегарданд.

Дар ин нишаст раҳбари агентии обёрии замин аз ба киштукор баргардонидани наздик ба 1700 гектар замин хабар дод.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>