Дар Тоҷикистон, ки яке аз масъалаҳои доғи рӯз, таълими динии наврасон ба ҳисоб меравад, дар нишасти матбуотии Кумитаи дин, рӯзноманигорон беш аз ҳама, дар ин бора суол карданд.
Сулаймон Давлатзода, Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, дар нишасти матбуотии рӯзи 6-уми феврал гуфтааст, қонунҳои кишвар гирифтани таълими диниро ба кӯдакон манъ накардааст
Бино ба гуфти раиси кумитаи дин, ҳар наврас метавонад, бо ризоияти волидон таълими динӣ гирад. Ҳатто барои таъсиси гуруҳи таълимӣ иҷозатнома ҳам зарур нест.
Аммо, ба ин савол, ки дар Тоҷикистон мадраса вуҷуд надорад ва наврасон дар куҷо бояд таҳсил кунанд, раиси кумитаи дин ҷавоби қонеъкунанда дода натавонист.
Бояд қайд намуд, ки то чанд соли охир дар Тоҷикистон 29 мадрасаи мутавассита, 2 мактаби динӣ-дунявӣ ва як гимназияи исломӣ фаъолият мекарданд.
Дар даҳ соли охир ҳукумати Тоҷикистон ба ҷуз як донишгоҳи исломии ба номи имом Абуҳанифаи шаҳри Душанбе, дари дигар ҳама макотиби диниро ба рӯи толибилмон бастааст.