Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Поягузори “Фронти халқӣ” ба озодӣ мебарояд

$
0
0

Сарҳанги мустаъфии ГРУ-и Русия Владимир Квачков, ки тибқи як эътирофаш таъсисдиҳандаи “Фронти халқӣ” дар Тоҷикистон аст, пеш аз мӯҳлат ба озодӣ мебарояд. Додгоҳи яке аз ноҳияҳои ҷумҳурии Мордовия «бинобар ислоҳ шуданаш», ҳукми озодии ӯро содир кард.

Сарҳанг Квачков соли 2013 бо иттиҳоми омодасозии исёни низомӣ ба 13 соли зиндон маҳкум шуда буд. Номи ӯ баъди эътирофи худаш чун поягузори “Фронти халқӣ” дар Тоҷикистон ва барангезандаи фитнаи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар қаблан расонаӣ шуда буд.

Дар як баромадаш ин сарҳанг эътироф мекунад, ки ба ӯ супориш дода буданд бо қувваи пойгоҳи 201-уми Русия ва бригадаи 15-уми гурӯҳи зудамали ин кишвар ҳукумати муросои миллиро сарнагун намуда, ҷояш як ҳукумати тобеъи Русия биёварад.

Квачков дар посух гуфтааст, ки дар сурати истифодаи артиши рус тоҷикон байни ҳам оштӣ мекунанд ва душмани артиши рус мешаванд, бинобар ин бояд инқилоб бо дасти худи тоҷикон анҷом шавад.

Сарҳанг аз шиносоияш бо Сангак Сафаров ва чӣ гуна ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмонов қисса мекунад. Ӯ эътироф мекунад, ки Фронти халқӣ пурра аз тарафи низомиёни Русияву Ӯзбекистон омода ва мусаллаҳ карда шуда, ин кишварҳо дар ба сари қудрат омадани Фронти халқӣ ва Эмомалӣ Раҳмонов дасти мустақим доранд.  

Эътирофоти Квачковро инҷо бубинед:

 

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>