Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ховар: Дурӯғ торикии имон аст. Ё дузди зӯру соҳиби мол

$
0
0

Хабаргузории расмии давлатии Тоҷикистон “Ховар” ба мақолаи хабаргузории “Ахбор” вокуниши эҳсосотие намуда, на танҳо дурӯғи худашро ҷилои бештаре додааст, балки ба таҳқири шахсияти муҳаррири “Ахбор” ҳам даст задааст.

Хабаргузории расмии як давлат бо нашри як посухи эҳсосотӣ зери унвони “Дурӯғ торикии имон аст” нишон додааст, ки дар кадом сатҳ қарор дорад. Гӯё масъулини ин хабаргузорӣ намедонанд, ки дурӯғ, тӯҳмат ва таҳқир ҷавобгарӣ дорад. Агар то ҳол ин гуна тӯҳмату таҳқирҳоро фейкҳои бо таъбири Мирзо Салимпур “фермаи ҷавоб” анҷом медоданд, ҳоло навбати хабаргузории расмии давлати Тоҷикистон фаро расидааст. Аз сабку усул ҳам дарёфтани ин ки хабаргузориву ферма аз як манбаъ супориш мегиранд, чандон мушкил нест.

Посухи хабаргузории расмӣ бештар ба таънаи заноне монанд аст, ки вақте оташин шуданд ҳар ҳарфе ба сарашон омад ба забон меоранд.  

Тӯҳмат

Ахборком хизматгори ташкилоти террористии наҳзат аст”, иддаъо мекунад “Ховар”. Барои хидматгори як ташкилот, ҳизб ё гурӯҳ хондани як расона ҳади ақал бояд далеле пешниҳод кард. Агар далели хабаргузории давлатӣ ин бошад, ки “Ахбор” матолиберо дар бораи ҲНИТ нашр мекунад ё аз масъулини он назар мегирад, пас “Ахбор” даҳ баробар бештар аз Наҳзат хидматгори ҳукумат аст. Ё шояд далелашон ин бошад, ки “Ахбор” сафсатаву тӯҳматпароканиҳояшонро нашр намекунад ва дурӯғу иттиҳомоташонро ифшо мекунад?

Таҳқир

Ба масхара гирифтани намуди зоҳирии инсон на танҳо ҷавобгарӣ дорад, балки аз пасттарин сифатҳои як инсон шуморида мешавад. Аммо хабаргузории расмии давлатии Тоҷикистон нишон додааст, ки чӣ касоне паси мизҳои кории он нишастаанд ва чӣ меъёрҳоеро пайравӣ мекунанд: “..Мирзо Салимпур, ҳарчанд чашмони калон дошта бошад ҳам, аммо,  мутаассифона, зеҳнаш ва ақлаш кӯчак будаанд” — навиштааст “Ховар”.

Шояд Мирзо Салимпур бо дарназардошти мақоли машҳури халқӣ дар посух ба ин таҳқир сукут кунад, вале масъулини хабаргузории расмии давлатӣ бори дигар намоиш доданд, ки дар кадом сатҳ қарор доранд.

Дурӯғ

“Агар воқеан ҳам аъзои наҳзат аз ҷониби Туркия пуштибонӣ меёфтанд, пас чаро наҳзатиҳо аз қаламрави Туркия ронда шудаанд. Ҳатто дигар аъзои наҳзат имкони тариқи транзит гузаштанро надоранд” — иддаъо мекунад “Ховар”.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, масъули равобити хориҷии ҲНИТ мегӯяд “Хукумати Тоҷикистон ба макомоти Туркия оиди масъулини ҲНИТ ба таври қариб ҳамешагӣ мегуфт, ки инҳо террорист ҳастанд ва бояд ба Тоҷикистон депорт шаванд. Масъулини ҳизб маҷбур шуданд то Туркияро ба мақсади Аврупо тарк кунанд. Аммо аъзои қатории ҳизб дар Туркия кору фаъолият доранд ва даъвои Ховар оиди манъи ҳатто транзит барои ҳатто як нафар узви наҳзати исломӣ асос надорад”.

Ин иттиҳоми «Ховар» алайҳи «Ахбор» ба кӯшиши дузд барои бастани соҳиби мол шабоҳат дорад. Аммо на дузд зӯр аст ва на соҳиби мол заъиф.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>