Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Баҳрайн (Навор)

$
0
0

Давлати пошоҳии Баҳрайн дар қисми шимолу ғарбии Халиҷи Форс ҷойгир буда, бо Арабистони Саудӣ ва Қатар ҳамсоя аст. Шумораи ҷазираҳое, ки давлати  Баҳрайнро ташкил мекунанд 33 ададанд ва ҷазираи калонтаринаш Баҳрайн ном дорад. Масоҳати умумии ҷазираҳо 695,15 километри квадратӣ, пойтахташ Манама, шаҳри бузургтаринаш Ал-Муҳаррак. Воҳиди пулиаш динори баҳрайнӣ. Иди миллиаш — рӯзи Истиқлол аз санаи 14-уми августи соли 1971 то ин ҷониб таҷлил  мегардад.

Сарвари давлат — амир,  Раиси ҳукумат — сарвазир  аст. Ҳокимият меросӣ буда, танҳо ба хонадони амир ҳақи ҳукумат карданро доранд. Парламенти Баҳрайн дупалатагӣ. Палатаи поинӣ — Палатаи намояндагон дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ интихоб шуда, Палатаи болоӣ — Маҷлис-уш-Шӯро аз ҷониби сардори давлат таъйин мегардад. Ҳар палата 40-нафарӣ аъзо дорад. Баҳрайн ба 12 минтақаи мухтор тақсим шудааст. Дар Баҳрайн ҳизбҳои сиёсӣ вуҷуд надоранд.  Баҳрайн узви СММ, Лигаи Мамлакатҳои Араб, Хазинаи Байналмилалии Асъор мебошад. Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо Баҳрайн 20 майи 1995 барқарор шудаанд.

Табиати ҷазираҳои Баҳрайн, хокашон  бештар аз оҳаксанг иборат аст, қисми зиёди масоҳаташ биёбонист. Дар маҳалҳое, ки обҳои зеризаминии наздик ва чашмаҳо доранд, воҳаҳо вуҷуд доранд. . Захираҳои нафт ва газ дорад. Иқлимаш тропикист.  Боришоти миёнаи солона 90 мм буда, борон бештар дар фасли зимистон меборад. Ҳарорати миёнаи моҳи январ 16°С, гарм ва ба июл-авг. +37°С мерасад . Заминҳои корам ҳамагӣ 1,4 дарсади ҳудуди мамлакатро ишғол карда, дар воҳаҳо асосан дарахти нахли хурмо мерӯяд. Аз мавҷудоти зинда бештар мор, каждум, хояндаҳо ва шағол вомехӯранд. Барои ҳифзи ҷинсҳои нодири наботот ва ҳайвонот парваришгоҳи махсус (ал-Арин) таъсис дода шудааст.

Зичии миёнаи аҳолии Баҳрайн 1142,9 нафар дар 1 км² аст.  Дар Баҳрайн ҳисоби миёнаи умри мардҳо −71,3 сол ва занҳо −76,2 сол мебошад. Яъне занҳо дарозумртаранд. Аҷибаш ин , ки ҳамагӣ 15 фисади кормандони давлатӣ занҳоянд. Корҳои муҳими хонавода, таъмини иқтисодиву иҷтимоӣ  пурра бар дӯши мардҳост. Вазоифи занон танҳо тарбияи фарзандон ва корҳои рӯзмараи рузгор аст. Он ҷо асосан арабҳо , ки 73 дарсади аҳолиро ташкил мекунанд, инчунин , эрониҳо, покистониҳо, ҳиндуҳо, аврупоиён зиндагӣ мекунанд. Забони давлатӣ — арабист. Забонҳои  англисӣ, форсӣ ва урду низ роиҷанд. Дини давлатӣ — ислом буда , суннимазҳабон — 25 дарсад ва аҳли ташайю 75 дарсадро ташкил медиҳанд. Хонадони амирони ҳукмрон аҳли суннатанд Муътақидони динҳои насронӣ, яҳудоӣ, будоия, баҳоия ва зардуштӣ низ ҳастанд. Дар интихоби дину мазҳаб озоданд.

Олимони давр аз ҳафриёти пайдошуда аз минтақаҳои Баҳрайн дар он назаранд, ки бештар аз 50 ҳазор сол инҷониб дар ин ҷо ҳаёт вуҷуд дорад. Баҳрайн дар ҳазорсолаи сеюми  то мелод дар баъзе сарчашмаҳои таърихӣ бо номи Дилмун зикр шудааст, ки дорои шаҳрҳо ва деҳкадаҳои қадима будааст. Аз рӯйи маълумоти сарчашмаҳои дигар метавон гуфт, ки оғози ташаккулёбиии Баҳрайн ба даврони давлатдории Ҳахоманишиниён рост меояд. Огоҳии муфассалтар аз Баҳрайн ба давраи Сосониён ва рӯзгори Ардашери Бобакон мансуб аст, ки баъди футуҳоти Баҳрайн он ҳамчун вилояте аз Эрон ёд шудааст. Сарварон ва амирони Баҳрайн то давраи зуҳури ислом ҳама форситабор буданд.

Бар асоси маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ чунин менамояд, ки дар Баҳрайн фарҳангу забони форсӣ нуфузи афзун дошта, қабилаи арабҳои минтақа қавми омадаву муҳоҷир ба ҳисоб мерафтанд. Таназзулу фурӯпошии давлати Сосониён ва паҳншавии дини ислом сарнавишти сиёсии минтақаи Баҳрайн-ро дар тӯли якчанд аср дигаргун карда, забону фарҳанги арабӣ ҷойгузини тамаддуни эронӣ шуд. Баҳрайн дар давраи хулафои нахустин аз назари идорӣ тобеи Мадина буд ва волиёну амирон аз маркази хилофат ба Баҳрайн фиристода мешуданд. Дар асри 13 Баҳрайн истиқлол ба даст овард, вале дере нагузашта ба аморати Ҳурмуз ҳамроҳ карда шуд. Дар аввалҳои асри 16 Баҳрайнро португалиҳо забт карданд. Баъди рондани онҳо дар аввали асри  17 Баҳрайн ба ҳайати Эрони сафавӣ дохил шуд.

Дар миёнаи асри 18 дар Баҳрайн хонадони ал-Халиф дастболо гашта, ҳукмрони мамлакат шуд ва авлоди ин амирон то ҳол дар сари қудратанд. Солҳои 1871—1971 Баҳрайн таҳти васояти Британия буд. Солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар ҳудуди Баҳрайн Британия базаи ҳарбии хешро сохт. Аз 14 авг. 1971 давлати соҳибистиқлол мебошад. Иқтисодиёти Баҳрайн аз ҳисоби истеҳсолу коркарди нафт, гаҷ, оҳаксанг, алюминий, семент, маводҳои кимиёвӣ, марворид аз қаъри баҳр, моҳидорӣ пеш меравад. Инчунин сайди харчанги баҳрӣ, қорч ба роҳ монда шудааст. Дар мамлакат бахши бонкдории офшорӣ тараққӣ кардааст. Шарикони тиҷоратиаш: Британияи Кабир, Арабистони Саудӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, ИМА, Австралия. Дар Баҳрайн боғдорӣ (чормағз, писта, ситрусиҳо, шафтолу, хурмо, папайя), парвариши гӯсфанд, буз ва гови зебумонанд тараққӣ кардааст. Баҳрайн худро бо маводди ғизоӣ пурра таъмин мекунад.

Дар Баҳрайн дар ибтидои асри 20 мактаби куттоба ягона мактабе буд, ки толибилмон ин  ҷо танҳо Куръон аз бар мекарданду тамом. Баъди Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар мамлакат зарурати омӯхтани илмҳои замонро дарк карда, соли 1919 системаи мактабҳои давлатиро таъсис доданд, аммо он ҳам фақат барои писарон буд.  Аввалин мактаби давлатӣ барои духтарон с. 1928 боз гардид.. Муҳлати таҳсил дар мактабҳо 12 сол аст. Теъдоди зиёди матбуот бо забонҳои арабӣ ва англисӣ нашр мешаванд: «ал-Айём», «Ахбор-ул-Халиҷ», «Галф Дейли Нюс»; маҷаллаи «Садо-ал-усбуъ» («Садои ҳафта») ва ғайра.  Инчунин газетаҳои ҳизбҳои ғайрилегалии Ҷабҳаи озодии миллии Баҳрайн-«ал-Ҷамоҳир», Ҷабҳаи миллии Баҳрайн — «Хамса марис»  ба табъ расида, дар тамоми Халиҷи Форс паҳн мешаванд. Дар Баҳрайн шабакаҳои зиёди радио ва телевизиони давлатию хусусӣ барномаҳои гуногун пахш мекунанд . Соли 2000 Идораи радио ва телевизиони Баҳрайн филми 33-қисмии телевизионии «Нийрон» («Оташ»)-ро аз рӯи романи нависандаи тоҷик Ҷалол Икромӣ «Духтари оташ» ба навор гирифт, ки он борҳо аз тариқи шабакаҳои телевизионии давлатҳои Халиҷи Форс намоиш дода шудааст.

Дар Баҳрайн туризм рушд кардааст, ки соле то  8 милион сайёҳон ба ин мамлакат меоянд. Дар мавриди ғизо истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ва гӯшти хук катъиян манъ шудааст. Ба тамокукашӣ низ иҷоза на он қадар озодона аст.

YouTube Video

 

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>