Мақомоти Тоҷикистон дар сардии муносиботи ду кишвар Эронро муртакиб медонанд.
Худойбердӣ Холиқназар, Раиси собиқи маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон гуфт “Тоҷикистон барои беҳбудии робитаҳо тамоми талошҳоро кард, аммо аз он тараф мо қадами ҷиддиеро намебинем. То ҳол онҳо дархости сафар ба Тоҷикистон ё дархости баргузории музокиротро накардаанд.
Ӯ афзудааст, «мо зидди беҳбуди робитаҳо нестем. Бигзор акнун эрониҳо тасмим бигиранд”
Ин суханҳоро Худойбердӣ Холиқназар, дар нишасти хабарӣ, дар ҷавоб ба суоли рузноманигорон зикр кардааст. Ӯ Эронро ба бад шудани робитаҳои як замон наздики дуҷониба муттаҳам карда гуфтааст, баъди он ки мақомоти Эрон Муҳиддин Кабириро, соли 2016 ба Теҳрон даъват карда бо ӯ мулоқот анҷом доданд, “дигар эътимод ба онҳо аз байн рафт.”
Ин гуфтаҳои собиқ стратеги рақами аввали Тоҷикистон дар ҳолест, ки бо ибтикори худи ҳукумати Тоҷикистон муносибатҳои ду кишвар сард шуданд. Тули се соли охир алайҳи Эрон тундтарин ва хашинтарин изҳороту айбдоркуниҳо аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон садо доданд, аммо ҷониби Эрон ягон вокуниш нишон надод.