Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

«Хуб мешавад, агар ҳатто як муҳоҷири тоҷик дар Русия намонад»

$
0
0

Аз аввали соли ҷорӣ беш аз ҳазор шаҳрвандони  Тоҷикистон ба мақомоти кишвар муроҷиат кардаанд, ки хоҳиши муҳоҷирати корӣ дар Лаҳистону Туркияро доранд.

Тули ду даҳсолаи охир ба сабаби набудани ҷои кор дар кишвар мардуми Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷирати корӣ дар Русия рӯз мегузарониданд. Аммо солҳои охир теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия рӯ ба коҳиш овардааст. Ин ҳам бо он сабаб аст, ки ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия беш аз пеш поймол мешавад. Низоми буду боши расмӣ рӯз ба рӯз сангинтар мегардад. Нархи пардохти патентпулӣ нисбати солҳои пешин ду- се маротиба зиёд шудааст. Ин ҳолатҳо муҳоҷирони кории тоҷикро водор ба он кардааст, ки самти муҳоҷирати кории худро дигар кунанд. Дар ҷустуҷӯи кишваре бошанд, ки шароити корӣ, ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳо нисбатан осон бошаду ҳуқуқи инсон риоя шавад.

Каримҷон Ёров, роҳбари созмони ЭТМОС ва коршиноси масоили муҳоҷират мегӯяд, аз он ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба дигар кардани самти сафари муҳоҷирати корӣ майл пайдо кардаанд, хушбин аст.

Ӯ ба радиои Паём гуфт,  розӣ аст, ки ҳатто теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия то ба сифр фарояд.

Илҳомҷон Ёқубов, Роҳбари Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи марказӣ, ки дафтараш дар Литваи Аврупост, зимни сӯҳбат бо хабарнигори радиои Паём дар ин бора гуфт, айни ҳол кишварҳои аврупоӣ омодаанд, ки дар се самт муҳоҷиронро ба кор қабул кунанд. Ронандагӣ ё таксиронӣ, корҳои сохтмонӣ ва хидматҳои маишӣ.

Шакли пурраи назари коршиносон дар бораи муҳоҷират ба кишварҳои аврупоӣ ва арабиро фардо дар барномаи “Ҳаёти муҳоҷир” соати 12:30 дақиқа ва такрори онро соати 19:30 дақиқа ба вақти Маскав аз Радиои Паём  гуш хоҳед кард. Шакли видеоии онро метавонед аз шабакаи ютубии Радиои Паём дастрас ва тамошо кунед.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>