Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Қарзи корхонаҳои Тоҷикистон ба ММД баробар шуд

$
0
0

Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молия, якҷоя бо дигар вазорату идораҳо, барои кам кардани ҳаҷми ӯҳдадориҳои молиявӣ ва пардохти қарзи ташкилотҳои калони давлатӣ тадбирҳои заруриро пешниҳод намуд.

Мувофиқи маълумоти омори расмӣ, ҳаҷми умумии қарзҳои корхонаҳои миёна ва бузург  то 1 октябри соли гузашта, зиёда аз 63 миллиард сомонӣ ё худ 6,7 миллиард долларро ташкил додаанд. Ин нишондоди қарзҳои корхонаҳои бузург қариб ба маҷмуъаи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон баробар аст.

Дар давоми аз моҳи октябри соли 2017 то моҳи октябри соли 2018 қарзи умумии корхонаҳо ва ташкилотҳо қариб 21 млрд сомонӣ ё  худ 2,2 млрд доллар будааст.

Дар умум корхонаҳо ва ташкилотҳои зараровар, тақрибан 28 фоизи корхонаҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳанд

Зиёда аз сеяки қарзҳои умумии ташкилоту корхонаҳои миёна ва бузургро қарзи  ширкати давлатии “Барқи Тоҷик”, ки дар маҷмӯъ 23 млрд сомонӣ ё худ 2,4 млрд доллар мебошад, ташкил медиҳад.

Дигар қарздорони асосӣ — Ширкати Алюминии Тоҷик, фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе, ширкати ҳавопаймоии Тоҷик Эйр, Роҳи оҳани Тоҷикистон ва Амонатбонк мебошанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles