Зиёда аз 100 вагон молу колоҳои Тоҷикистон дар истгоҳҳои роҳи оҳани Туркманистон дармондааст. Дохили ин вагонҳо молу маҳсулоти гуногуни ниёзи Тоҷикистон, аз ҷумла равғани пахта, қиёми шир, маводи сӯзишворӣ ва санги мармару кокс- як ашёи хоми зарурии будааст.
Бори аввал нест, ки Туркманистон бе ягон шарҳи расмӣ гузаштани мошинҳои боркаши Тоҷикистонро аз қаламраваш манъ мекунад.
Тавре радиои Озодӣ хабар додааст, дар умум 108 вагон дар Туркманистон дармондаст. Аз ин 29 вагон ҳомили кокс будааст, ки ба ширкати аллюминюми Тоҷикистон «Талко» тааллуқ доштааст.
Ин танҳо шумораи вагонҳоест, ки то санаи 8-уми феврал бинобар роҳбандони Туркманистон дармондаанд ва шумораи онҳо ҳар рӯз бештар мешавад.
Тоҷикистону Туркманистон аз ҷумлаи ду кишвари Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки соли гузашта дар равобиташон сардӣ эҳсос мешуд. Ин ду кишвар ҳарчанд барои якдигар шарики стратегӣ ба ҳисоб мераванд, вале ҳаҷми тиҷораташон ночиз аст.
↧
108 вагони пурбори Тоҷикистон дар Туркманистон дармондааст
↧