Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Муҳиддин Кабирӣ: ба назари мо вафоти Файзинисо Воҳидова табиӣ набуд

$
0
0

Дирӯз, 12 феврал дар шаҳри Вилнюс, пойтахти Литва маросими ёдбуди ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик Файзинисо Воҳидова баргузор шуд. Дар маросим намояндагони созмонҳои байналмилал ва фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон ширкат карданд.

Аз ҷумлаи ширкаткунандагони хориҷӣ Даниил Кислов, сармуҳаррири хабаргузории Фергана, Мариус Фосиум намояндаи Бунёди Хелсинки, Стив Свердлов раҳбари бахши осиёимиёнагии Хюман райс вотч буданд. Стив Свердлов ва Даниил Кислов зимни суханрониашон хотироташон аз Файзинисо Воҳидоваро зикр намуданд.

Дар маросим ҳамчунин Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Миллии Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ кард. Ӯ гуфт аз пешниҳоди таъсиси “Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова” пуштибонӣ мекунад. Тибқи ин пешниҳод қарор аст ҳамасола ба бонувон ва занони шуҷоъ, ки дар заминаи дифоъ аз ҳуқуқи башар махсусан ҳуқуқи занон фаъолият мекунанд, ин ҷоиза эъто шавад.

Кабирӣ ҳамчунин аз сиватҳои волои Воҳидова ёд кард ва гуфт “Пайдо кардани калимае, ки дақиқан битавонад тамоми сифатҳо ва вежагиҳои Файзинисо Воҳидоваро бозгӯ намояд, бисёр душвор аст.”

Ӯ изҳор дошт “дар Тоҷикистони мо ҷомеаро ба чанд қисм тақсим кардаанд: ҳукуматӣ, опозитсионӣ, наҳзатӣ, динӣ, дунявӣ, исломӣ, ғайри исломӣ ва ҳатто равшанфикрону озодандешони кишварро пас аз ҳаводиси ахир ва ҳиҷрат, ба равшанфикрону озодихоҳони дохилӣ ва хориҷӣ ва хулоса дунёро ба ранги сиёҳу сафед тақсим карданд, аммо Файзинисо касе буд, ки воқеан дар ин қолабҳо намегунҷид; ӯ узви як ҳизби сиёсӣ буд, аммо бо ин ҳама, барои ҳақиқат ва барои ватану миллат, дар чорчӯби андеша ва мавқеъгирии ҳизбаш маҳдуд намешуд.”

Раиси Паймони миллӣ бо ишора марги шодравон Файзинисо Воҳидова изҳор дошт: “Вақтҳои охир, ки мо сабаби даргузашти ӯро пайгирӣ кардем, бо вуҷуди ин ки ба далелҳое наметавонем ошкор мавзеъи худро баён бидорем, аммо бояд инро бигӯем, ки ба назари мо вафоти ӯ табиӣ набуд. Бале, ӯ ба пойҳои худаш ба бемористон рафт, бемор буд, ин барои касе пинҳон нест, вагарна ба бемористон намерафт, аммо беморие, ки дошт, бо таваҷҷӯҳ ба пешрафти пизишкӣ дар ин аср, наметавон гуфт, ки беморие будааст, ки мунҷар ба марги вай шавад.”

Раиси ПМТ афзуд: “Ман касеро намехоҳам муттаҳам кунам, вале коре, ки бо ӯ дар бистари беморӣ карданд, дар марги вай нақш дошт. Намегӯям, ки сабаби маргаш он буд, балки дар вафоташ нақш дошт. Ва аммо он коре, ки бо ӯ карданд ин буд, ки кормандони амният ба сари ин бемор меоянд ва ӯро мавриди фишор қарор медиҳанд, дар ҳоле, ки ӯ ниёз ба оромӣ дошт ва касе набояд музоҳимаш мешуд. Апаи Файзинисо таҳти фишор ба Илҳомҷон Ёқубов паём мефиристад, ки ба дӯстонатон бигӯед, то он ёддошти маро (охирин ёддошти ӯро) аз сайти Паём бардоранд. Ва тибқи он чи бародарон гуфтанд, то замоне ки ёддошти вай аз сайт бардошта нашуд, кормандони амният сари ӯ меистанд.”

Кабирӣ идома дод: “Ин ҷост, ки мо мегӯем, як ҷиноят воқеъ шуда; намегӯем, қатли мустақим рӯй дода, балки ҳарфи мо ин аст, ки ин фишорҳо ба сурати ғайримустақим дар вафоти ӯ нақш доштанд. Дар ин ҷиноят, ҳам кормандони бемористон шариканд, ки гузоштанд як бемори онҳо таҳти фишори кормандони амният қарор бигирад, ва ҳам худи кормандони амният, ки таҳти фишор қарор доданд. Бинобар ин, ҳукумат бояд дар ин маврид як таҳқиқ анҷом диҳад, бибинад, ки чӣ касе ба кормандони амният ин иҷозаро дода, ки беморро таҳти фишор қарор бидиҳанд.”

Диққат: Дар ин бора гузориши махсус  дар Радиои Паём соати 16:10 ва такрори он соати 19:10 ба вақти Маскав пахш хоҳад шуд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>