Шиносномаи хориҷии Тоҷикистон бо вуҷуди ин ки яке аз камвазнтарин шиносномаҳо дар ҷаҳон аст, яке аз гаронқиматтаринҳо маҳсуб мешавад.
Шиносномаи хориҷии Тоҷикистон дар радабандии шиосномаҳо дар мақоми 80-ум қарор дорад. Бо шиносномаи Тоҷикистон имкони сафари бидуни виза танҳо ба 58 кишвари ҷаҳон вуҷуд дорад.
Қимати шиносномаи хориҷии тоҷикӣ 88 доллар муқаррар карда шудааст. Барои муқоиса шаҳрванонашон барои гирифтани шиносномаи Русия 62 доллар, Қазоқистон 52 доллар, Ӯзбекистон 22 доллар ва Қирғизистон 8 доллар, пардохт мекунанд. Шаҳрвандони Русия метавонанд ба 116, Қазоқистон 76, Қирғизистон 64 кишвари ҷаҳон бе гирифтани виза сафар кунанд.
Шиносномаи Олмон, ки дар радабандӣ дар мақоми 3-юм қарор дорад ва шаҳрвандонаш метавонанд қариб ба ҳамаи кишварҳои дунё бе виза сафар кунанд, 68 доллар қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол тартиби гирифтани шиносномаи хориҷӣ дар Тоҷикистон яке аз мушкилтарин дар ҷаҳон буда, чандин ҳуҷҷати иловагӣ талаб карда мешавад ва омодакунии онҳо масрафи иловагӣ дорад. Дар бештари кишварҳои пешрафта шиносномаи хориҷиро метавон тариқи интернет фармоиш дод ва дастрас кард.
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳоле бештарин маблағро дар минтақа барои шиносномаи хориҷӣ пардохт мекунанд, ки камтарин моҳона дар минтақа ва яке аз камтаринҳо дар ҷаҳонро доранд.