Кумитаи тафтишотии Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, бисёре аз кӯдакони мусалмони Миёнмор дар минтақаи Орокон тавассути низомиёни артиши Миёнмор зинда-зинда сӯзонда шудаанд.
Ба гузориши хабаргузории Анадолу, Розика Куморосуомӣ, узви Кумитаи тафтишотии Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, “Артиши Миёнмор ба кӯдакони мусалмон зулму ситами зиёд кардаанд. Бархе онҳоро аз хонавода ҷудо намуда, бисёреро низ зинда-зинда дар оташ сӯзонидаанд.”
Бино бар ин гузориш, артиши Миёнмор дар таърихи 25 августи 2017 ҳамалоти худ ба минтақаи Ороконро оғоз кард. Дар ин ҳамалот, ҳазорон ғайринизомии ороконӣ ҷон бохта ва ҳудуди 350 русто тавассути артиш ва будоиёни ифротӣ ба оташ кашида шуд.
Тибқи охирин гузориши Созмони Милал, шумори мусалмононе, ки аз 25 августи 2017 ба ин сӯ аз хушунатҳои артиши Миёнмор ва будоиёни ифротӣ гурехта ва ба урдугоҳҳо ва иқоматгоҳҳои муваққат дар Банглодеш паноҳ бурдаанд, ба 725 ҳазор нафар, ки 60 дарсади онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд, расидааст.