Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Истирдоди боз як фаъоли собиқи ҲНИТ аз тарафи мақомоти Русия

$
0
0

Дафтари матбуотии Хадамоти амниятии Русия дар вилояти Самара хабар дод, ки Раҳматулло Баротов, роҳбари яке аз шуъбаҳои ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистонро иҷборан аз қаламрави Русия берун карда, ба дасти мақомоти амниятии Тоҷикистон супурдаанд.

Тавре дар хабар омадааст Раҳматулло Баротов аз фурудгоҳи «Курумоч”-и Самара ба Душанбе фиристода шудааст.

Аммо сомонаи  «Ахбор” бо такя ба манбаъаш навиштааст, Раҳматулло Баротов бо ваъдаи афв ба Тоҷикистон баргаштааст, вале то ҳол дар боздошт қарор дорад.

Раҳматулло Баротов қабл аз манъи фаъолияти ҲНИТ дар соли 2015 роҳбарии шуъбаи ин ҳизби оппозитсионӣ дар шаҳри Турсунзодаро ба ӯҳда дошт. Ӯ моҳи июли соли 2015, ду моҳ қабл аз манъи фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон тарки кишвар карда, дар Самара зиндагӣ мекард.

Ин аввалин боздошт ва истирдоди мақомдори собиқи ҲНИТ аз Русия нест. Қаблан Наъимҷон Самеев, собиқ раиси шӯъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд ва собиқ узви Раёсати олии ин ҳизб боздошт ва ба Тоҷикистон фиристода шуда буд.

Наъимҷон Самеев рӯзи 30 ноябр дар шаҳри Грозний боздошт шуда, ба пулиси Ставропол интиқол дода шуд. Субҳи 4-уми декабр ӯ дар фурӯдгоҳи Домодедовои шаҳри  Маскав пайдо шуд ва аз онҷо ӯро ба Душанбе истирдод карданд.

Замони қарор доштанаш дар фурӯдгоҳи Домодедово, вакили дифоъи ӯ ба Додситонии кулли Русия номаи оҷил навишт, то аз истирдоди Саммев бинобар имкони шиканҷа шаданаш дар Тоҷикистон пешгирӣ шавад, аммо додситонӣ вокунише нишон надод.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>