Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Эстония (Филм)

$
0
0

Ин давлат дар соҳили баҳри Балтика, самти шимолу шарқии Аврупо вокеъ гаштааст. Яке аз хурдтарин давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупост.Масоҳаташ  45,2 ҳазор километри мукааб. Пойтахташ Талин, забони давлатиаш эстонӣ.  Дар Эстония Эстонҳо, русҳо, украиҳо , белорусҳо ва финҳо зиндагӣ мекунанд. Шумори аҳолии Эстония то имрӯз 1 милиону 318 ҳазору 700нафарро ташкил медиҳад.Шаҳрҳои калонтаринаш Тарту,Нарва, Кохтла-Ярве . Дини мардум насронист ва  дар қабули дигар дину мазҳаб озоданд. Воҳиди пулӣ евро.

Давлати Эстонияро президент роҳбарӣ мекунад, ки аз  ҷониби парламент интихоб шудааст.

Таърих

Аҷдоди эстонҳо аз табори халқиятҳои фин буда , ҳанӯз солҳои то мелод ба ҳудуди соҳили назди Балтика маскан гирифтаанд. Дар асрҳои 10-11 қисмати шарқии Эстония ба давлати руси қадим мепайвандад.Дар асри 13 бошад, Эстонияро олмониҳои феодалӣ забт мекунанд. Сипас бо фармони  Ливония ,аз ҷониби Дания, Швесия ва Лаҳистон барои аз худ кардани ин сарзамин хеле задухӯрдҳо ба вуқӯъ пайваста , дар рафти ҷанги Ливон ба ҳудуди рус мегузарад. аммо дар ин ҷанг саъйи русҳо бо нокомӣ меанҷомад ва сарзамини Эстония батамом парешон мешавад. Соли 1721 боз ба империяи Русия ҳамроҳ мегардад. Августи соли 1940 ба иттиҳоди шӯравӣ мепайвандад, 20-уми августи  соли 1990 аз Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ Сосиалистӣ берун шуда 6-уми сентябри ҳамон сол давлати соҳибистиқлол эълон мегардад.

Маориф

Таҳсил дар мактаб то синни 17 ҳатмӣ буда барои кӯдакони ҷиҳати ҷисмонӣ ноқис мактабҳои махсус фарогиранд. Мадрак (Диплом)-и маълумоти олие, ки дар Эстония соҳиб мешавед, барои кулли давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ба кор меравад.

Иқтисодиёт

Сарватҳои  табиӣ дар Эстония нисбат ба дигар кишварҳои назди Балтика бештар мебошанд. Он чунин маъданҳо мисли сақф, торф, фосфат дорад. Саноати ашёи сохтмонӣ барои ашёи хом мавҷуд аст. Неърӯгоҳҳои барқистеҳсолкунии ин давлат тамоми соҳаҳои кишварро таъмин карда метавонад.

Яке аз самтҳои хеле пешрафтаи Эстония Туризм, яъне сайёҳист. Бештари сайёҳонро ҳалқи фин ташкил медиханд.

Дар хоҷагии деҳот, чорводорӣ, истеҳсоли шир, гӯшт, тухм, растанипарварӣ , истеҳсоли хӯроки чорво низ ривоҷ ёфта аст.Шарикони асосии тиҷоратӣ Финляндия, Русия, Шветсия, Олмон мебошанд. Аммо саҳми Русия мунтазам коҳиш меёбад.

Нақлиёт

Шурӯ аз соли 2013 нақлиёти мусофирбари Эстония барои шаҳрвандони кишвар ройгон хизмат мерасонад

Музди меҳнат ва нафақаи мардуми Эстония бошад на танҳо  нисбат ба ҳамсоядавлатҳояш Литва ва Латвия, балки аз давлатҳои бузургу тараққиёфта ҳам  дар муқоиса бештар аст. Масалан аз Полша ва Чехия. Иқтисодиёти Эстония мунтазам ва ҳатто босуръат инкишоф ёфта, яке аз соҳаҳои фарқкунанда ва боифтихор дар ин давлат истифодаи самараноки технологияи иттилоотист. Имрӯз, бо истифода аз Интернет, шумо метавонед тиҷорати худро дар Эстония хатто  дар давоми дақиқаҳои муайян ба қайд гиред. Ҳатто масъалаи буду боши Шумо тариқи онлайн бо роҳи интернетӣ ба қайд гирифта мешавад.

Барои шаҳрвандони хориҷи низ иҷоза дода шудааст, ки ҳар шуғли фоидаоваре барои ҷомеа аз ӯҳдааш мебароянд,озодона машғул бошанд. Коргарон 66,6 фоиз ва бекорон ҳамагӣ  5-7% -ро ташкил медињанд.Тибқи иттилои Агентии омор ҳадди ақали музди меҳнат дар Эстония дар ҳаҷми 500 евро дар як моҳ аст. Ҳангоми бо кори доимӣ таъмин будан, шаҳрвандони хориҷӣ ҳам чунин ҳуқуқро доранд. Дар мӯҳлати як сол коргари одди дар Эстония 6000 евро маош гирифта метавонад. Албатта, дар бисёр кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ин рақам хеле баланд аст. Ҳукумати Эстония тамоми тадбирҳои заруриро ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои кормандон ва баланд бардоштани маоши ҳадди ақал меандешад.

Нишондоди миёнаи нафақапулӣ дар Эстония 400 евроро ташкил медиҳад

YouTube Video

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>