Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Баррасии навбатии масъалаи марз дар вохӯрии сафир Тоҷикистон бо раиси кумитаи парлумони Қирғизистон

$
0
0

Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон, Сухроб Олимҷонзода бо раиси Кумитаи Жогорку Кенеш оид ба корҳои байналмилалӣ, мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Қирғизистон Исҳоқ Пирматов мулоқот кард.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории байнипарлумонӣ, мубодилаи ташриф ва фаъолгардонии гурӯҳҳои дӯстии парлумонии Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд,

Тавре дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст, зимни мулоқот мушкилоти сарҳадӣ низ баррасӣ шудаанд.

Мусоҳибон зарурати ҳарчи зудтар аломатгузориву таъйини хатти марзи ду кишварро таъкид намудаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 900 километр марзи муштарак доранд ва беш аз 500 километри он ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст. Ҳарду ҷониб дар масъалаи аломатгузориву таъйини хатти марз дар қаламравҳои баҳсӣ давоми 27 соли истиқлол ба иттифоқи назар даст наёфтанд ва ҳамин чиз боиси сари чанд вақт сар задани муноқишаҳо мешавад. Марзи Қирғизистон баробар бо инки сарҳади давлатии кишвари дигар аст, инчунин марзи кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳам маҳсуб мешавад.

Чанде пеш ду марзбони тоҷикро бошандагони деҳаи наздисарҳадии Қирғизистон боздошт карда, бо усули таҳқиромез онҳоро иҷборан халъи силоҳ намуда буданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>