Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Сармоягузории Русия дар Тоҷикистон дар як сол 70 дарсад кам шудааст

$
0
0

Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон аз коҳиши сармоягузориҳои Русия дар иқтисоди кишвар иброз норизоятӣ кард.

Вай ҳаҷми сармоягузории Рӯсия дар иқтисоди Тоҷикистонро дар соли гузашта дар муқоиса бо соли 2017 беш аз 70 дарсад камтар хонд ва гуфт: наметавонам бигӯям ки мо аз сатҳи феълии сармоягузории Федерасюни Русия розӣ ҳастем.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон афзуд: Душанбе дорои потенсиали кофӣ барои ҷазби сармоягузориҳои Русия мебошад ва ин масъала дар ҷараёни сафари ахири Сергей Лавров ба Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сироҷиддини Муҳриддин афзуд: дар моҳи марти соли 2019 нишасти комиссиюни байнидавлатии ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Русия баргузор мешавад ки ҷазби сармоягузориҳо аз ҷумлаи мавзӯъоте мебошад ки дар дастури кории он қарор дорад.

Вай гуфт: Ин масъала ҳамчунин дар ҷараёни сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Русия мавриди баррасӣ қарор мегирад .

Хаҷми сармоягузориҳои Русия дар иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2018 21.5 миллион долларро ташкил дода аст, ки дар муқоиса бо соли 2017 73.4 дарсад коҳиш доштааст.

Ҳаҷми сармоягузории Русия дар иқтисоди Тоҷикистон дар поёни соли 2016 92.3 миллион доллар бароварда шуда буд .

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>