Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Раиси ПМТ: Шарофиддин Гадоев дуздида шудааст (3 навор)

$
0
0

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон зимни баромадаш дар пахши мустақим, соате пеш пахш шуд, гуфт Шарофиддин Гадоев, раҳбари созмони Ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон ва узви аршади Паймони миллӣ аз тарафи мақомоти амниятии Тоҷикистон рабуда шудааст.

Ӯ гуфт бинобар рабуда шудани Гадоев сӯҳбаташ дар бораи вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро ба вақти дигар мегузорад ва мавзӯъи сӯҳбаташ ҳамин қазияи Шарофиддин Гадоев хоҳад буд.

Кабирӣ гуфт “ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки Шарофиддин бо ихтиёри худаш баргаштааст, тамоми шавоҳид ва далелҳо далолат ба ин мекунанд, ки ӯ рабуда шудааст”.

Ӯ изҳор дошт бори аввал нест, ки амали ноҷавонмардонаи дуздии мухолифону фаъолони сиёсӣ аз тарафи мақомоти Тоҷикистон сар мезанад. Аз ҷума ӯ аз Эҳсон Одинаев, Мақсуд Иброҳимов ва кушта шудани Умаралӣ Қувватов ёд кард.

Раиси ПМТ зикр кард ҳукумати Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ як шабаки ҷиноятиеро ташкил кардааст, ки кораш дуздидан, куштан ва ғорат кардани мардум аст. “Албатта ҳеҷ ҳукумати қонунмеҳваре дар ин амалҳои ҷиноятӣ бо онҳо ҳамкорӣ намекунад. Ин аст, ки онҳо ҷенеролҳо, афсарон ва кормандони фасодзадаи ниҳодҳои кишварҳои дигарро бо додани пора ҷалб мекунанд. Ин пулҳое, ки ба он ҷинояткорон пардохт мешавад, аз ҳисоби буҷаи кишвар ва ҷайби мардум аст” — гуфт Муҳиддин Кабирӣ.

Раҳбари Паймон эътироф кард, ки барои Паймони Миллӣ ва ҳаракатҳои мубориз, худи ӯ ва хонаводаи Шарофиддин аз даст додани чунин муборизе, ки хеле инсони самимӣ буд кори саҳле нест ва зарбаи гароне ба баданаи мубориза аст.

Ӯ аз тамоми мухолифин ва онҳое, ки камтарин рабте ба мубориҳа доранд даъват кард ихтилофоти шахсӣ ва гурӯҳиро канор гузошта барои озодии Гадоев ва дигар зиндониёни сиёсӣ талоши ҳарчӣ бештаре анҷом диҳанд.

Posted by Паймони Миллии Точикистон on Friday, February 15, 2019

Кабирӣ зимни баромадаш гуфт мутмаъин аст, ки соатҳои наздик ҳатман мақомот навореро нашр хоҳанд кард, ки дар он Шарофиддин Гадоев эълон мекунад бо ихтиёри худаш баргаштааст. Ва чанд дақиқа пас эълон кард ба ӯ хабар додаанд, мақомот аллакай навори “эътирофӣ”-и Гадоевро пахш намуданд.

Дар он навор раҳбари созмони Ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон, ки дар боғе қарор дорад, “эътироф” мекунад, ки ба ихтиёри худаш баргаштааст. Ӯ мегӯяд алайҳаш аз ҳеҷ шиканҷае кор гирифта нашудааст ва мақомот бо ӯ муносибати хубе доштаанд.

Гадоев ҳамчунин гуфт дар Душанбе сайр карда, шоҳиди пешрафтҳои кишвар шудааст.

YouTube Video

Стив Свердлов, раҳбари бахши осиёимиёнагии Хюман Райс Вотч ҳам изҳорот пахш намуд ва аз ҳукумати Ҳолланд, ки Шарофиддин дар онҷо паноҳанда буд даъват кард ба қазия дахолат кунад. Ӯ аз ҳукумати Тоҷикистон ҳам хост барои Шарофиддин дастрасӣ ба вакили дифоъ ва дидор бо хонавоадашро фароҳам кунад.

YouTube Video

Субҳи имрӯз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард Шарофиддин Гадоев ихтиёран бо хатсайри Маскав — Душанбе ба кишвар баргашта худашро ихтиёран ба шӯъбаи ВКД дар фурӯдгоҳ таслим кардааст.

Дар изҳороти ВКД омадааст “Имрӯз 15 феврали соли 2019, соати 07:00, Гадоев Шарофиддин Мирзоалиевич, 19.05.1985 соли таваллудаш, зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, ки муваққатан дар шаҳри Эиндховени Шоҳигарии Ҳоланд зиндагонӣ мекард, ба ШВКД Фурудгоҳи ш. Душанбе ихтиёран ҳозир шуда, изҳор намуд, ки ман аз кирдорҳои кардаам самимона пушаймонам, ихтиёран бо хатсайри Москва-Душанбе ба Ватан баргаштам.

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кирдорҳои содиркардаи ман баҳои ҳуқуқӣ дода шавад. Инчунин изҳор намуд, ки дигарон нафароне, ки дар кофтуков қарор доранд низ баҳри ободии Ватан ихтиёран баргашта биёянд.

Гадоев Ш.М. аз соли 2012 бо моддаҳои 289  қисми 1 (Қочоқ) ва 340 қисми 2 (Сохтакорӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кофтуков қарор дошт.”

Дертар Радиои Озодӣ бо нақл аз модари Шарофиддин Гадоев навишт, ки ӯ то ҳол писарашро надидааст ва Шарофиддин нифти баргаштан ба ватанро надошт. “Озодӣ” ҳамчунин иттилоъ дод рӯзноманигорон ва наздикони Шарофиддин дастрасие ба ӯ надоранд.

Паймони Миллии Тоҷикистон ҳам бо пахши изҳорот эълон кард мусалламан Шарофиддин Гадоев дуздида шудааст. Дар изҳорот омадааст:

Имрӯз, 15 феврали соли 2019, тибқи изҳороти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон яке аз раҳбарони ПМТ гӯё бо “хоҳиши худ” ба Тоҷикистон баргаштааст.

Ва ин дар ҳоле аст, ки тибқи иттилоъи мо, Шарофиддин Гадоев бо даъвати баъзе афрод ба Русия сафар карда буд. Аммо мутаассифона, тавассути мақомоти амниятии Тоҷикистон ва баъзе доираҳои фасодзада дар Русия, Шарофиддин Гадоев рабуда шуд.

Бо камоли таассуф, пештар низ шоҳиди ҳамкории ин доираҳои фасодзадаи рус бо мақомоти амниятии тоҷик дар рабуда шудан ва интиқоли Мақсуд Иброҳимов, Эҳсон Одинаев ва Мулло Наимҷон Самиев ба Тоҷикистон будем.

ПМТ бо дастрас шудани ҷузъиёти бештар, шуморо дар ҷараён хоҳад гузошт.

Мо итминони комил дорем, ки Гадоев дар Тоҷикистон мавриди шиканҷа низ қарор хоҳад гирифт ва шояд соатҳои наздик шоҳиди суханрониҳояш оиди “бозгашти довталабонааш” ба Душанбе шавем.

ПМТ бо тамоми масъулият изҳор медорад, ки ин бозгашт ихтиёрӣ набуда, номбурда дар натиҷаи як амалиёти махсус рабуда шудааст.

ПМТ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башари байналмилалӣ махсусан давлати Нидерландия, ки Шарофиддин Гадоев паноҳандаи сиёсӣ дар ин кишвар буд, хоҳиш ба амал меоварем, болои ҳукумати Тоҷикистон бобати рафтораҳояш дар рабудани мухолифони сиёсиаш фишор оваранд, то даст аз одамрубоиҳо бардорад. Ҳамчунин аз давлати Федератсияи Русия мехоҳем, пеши роҳи ҳамкориҳои доираҳои фасодазадаи кишвараш бо мақомоти амниятии Тоҷикистонро бигирад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>