Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

“Содироти асосии Тоҷикистон қувваи кории муҳоҷирон аст”

$
0
0

Тули чанд соли охир ба нафақа баромадани муҳоҷирони кории тоҷик аз ҳисоби муҳоҷират вирди забонҳост. Мақомоти Тоҷикистон чандин маротиба аз гуфтушунидҳо бо ҳукумати Русия дар ин бора гуфтанд.

Ниҳоят, зимни сафари Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, ки як ҳафта пеш ба вуқуъ пайваста буд, ин масъала дубора расонаӣ шуд.

Сергей Лавров  ҳини суханронияш дар Душанбе гуфт, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия  ҳатто бештар аз шаҳрвандони узви Иттиҳоди Авруосиё бархурдор аз имтиёзҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоъӣ ҳастанд.

Аз паи сафари Сергей Лавров мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки Тоҷикистону Русия моҳи майи имсол масъалаи пардохти нафақа ба муҳоҷирони кориро баррасӣ ва ниҳоӣ хоҳанд кард.

То куҷо ин даъво ба воқеъият наздик аст?

Оё ин шуданист, ки муҳоҷирони корӣ баъди ба сини нафақа расидан, метавонанд, аз ҳисоби солҳои кор дар муҳоҷират ба нафақа бароянд?

Мо дар ин бора бо Иззат Амон, коршиноси масоили муҳоҷират сӯҳбате анҷом додем, ки пешкаши шумо мегардад.

Радиои Паём: Зимни сафари Сергей Лавров, Вазири умури хориҷаи Русия ба Тоҷикистон, якчанд масъалаи муҳоҷирон матраҳ шуд, ҳатто ӯ гуфт,  имтиёзҳое, ки ба Тоҷикистон дода шудааст, нисбат ба дигар кишварҳои узви иттиҳоди Авруосиё зиёдтар аст.

Ба фикри Шумо Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия кадом имтиёзҳоро дар назар дошт?

Иззат Амон: Ростӣ, ман аз ин сафарҳои Лавров ба Тоҷикистон ва умуман аз сафарҳои дигар намояндагони Русия ба кишварамон зиёд тағйиротеро интизор нестам. Чунки ҳар вақте, намояндаҳои Кремлин ба Тоҷикистон мераванд, ба қавли маъруф як қандаке   аз киссаашон бароварда ба ҳукумати Тоҷикистон нишон медиҳанд ва ҳамонро овозаву дарвоза мекунанд, ки мо ба муҳоҷирини тоҷик ин додему ба Тоҷикистон он додем.

Агар шумо воқеияти сафари ҷаноби Лавровро ба Тоҷикистон дарк карда бошед, сафари ӯ рабте  ба осон гардонидани масоили будубоши муҳоҷирони тоҷик дар Русия надошту надорад. Чӣ тарафи Тоҷикистон, чӣ тарафи Русия, будубоши муҳоҷирон аҳамияте надорад барои онҳо. Мо медонем, ки чанд рӯзе пеш яке аз масъулини вазорати дифои Русия, як эъломия, як изҳороте пахш кард, ки гӯё дар сарҳадҳои Тоҷикистон, байни Тоҷикистону Афғонистон лашкарҳои “Давлати исломӣ” ҷой гирифтаанд ва кадом гурӯҳҳое онҳоро бо чархбол оварда, ба сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон мепартояд. Онҳо омодагӣ ба як ҷанге доранд. Албатта, баъдтар ин хабарҳо аз тарафи намояндагони ҳам Кремлин ва ҳам Тоҷикистон раъд карда шуданд, ки ҳамчунин чизе нест, вале ба ҳар ҳол, ба гумони ман сафари ҷаноби Лавров ба Тоҷикистон ба ана ҳамин қазия рабт дорад. Яъне, ба бесарусомонӣ дар сарҳади байни Афғонистону Тоҷикистон.

Агар шумо хабар дошта бошед, дар чорчӯбаи сафар ҳамкориҳои байни Тоҷикистону Русия ба хотири интиқоли яроқ ва ба қавле “Тӯҳфа кардан”  аз ҷониби Кремлин ба Тоҷикистон аст.

Радиои Паём: Ба фикри шумо, аз ҷиҳати ҳуқуқӣ  дар кадом сурат метавон нафақа гирифтани муҳоҷирони кории тоҷикро  аз ҳисоби давлати Русия ба роҳ монд?

Иззат Амон: Нафақа гирифтани шаҳрвандони Тоҷикистон, умуман муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷониби ҳукумати Русия ҳеҷ гуна қарордоди хосае ба ин хотир имзо кардан лозим нест. Қонунгузории худи Русия ин масъаларо пешбинӣ карда аст.

Конститутсияи Русия низ дар ин бобат ҳеҷ фарқе  миёни шаҳрвандони хориҷа ва шаҳрвандони Русияро намебинад, магар дар баъзе ҳолатҳо.

Радиои Паём: Пас, чаро дар ин муддати зиёда аз бист соле, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия кору фаъолият доранд ва андоз ҳам месупоранд, вале то ин дам ин масъала, ки дар қонунгузорӣ ҳаст,  матраҳ нашудааст?

Иззат Амон: Бубинед, давлатҳои пасошӯравӣ, ки дар раъси онҳо худи ҳамин Русия меистад, гирифтори бебандуборӣ ҳастанд.

Сар карда дар Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва ғайра, ҳатто мешавад гуфт, ҳамон понздаҳ  кишвари собиқ Иттиҳоди шӯравӣ (ғайри се кишвари соҳили Балтик) , дар ҳамаи ин кишварҳо хараҷу мараҷ ҷойгир аст.   Қонунгузорӣ гирифтани нафақа бу муҳоҷиронро иҷозат медиҳад, вале барои ин, ба қавли худи русҳо политическая воля, ё худ ҳамон хоҳиши сиёсӣ лозим аст.

Аммо, аз ҷониби дигар сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва сиёсии худи муҳоҷирон нигаронкунанда аст.

Бубинед, муҳоҷир агар дар як корхона муддати муайян кору фаъолият кунад, ин фаъолиятро дар чорчӯбаи қонун иҷро намояд, ба тарзи қонунӣ байни худу корфармо қарордоди меҳнатӣ дошта бошад, вақто корманд ба синни нафақа, (занҳо 60, мардон65) мерасад ба нафақа мебарояд. Корхона ва ё ширкат маҷбур аст,  ӯро ба нафақа таъмин намояд. Мо хеле нафаронро медонем, ки дар ин кишвар нафақа мегиранд.

Радиои Паём: Дар аксар ҳолат муҳоҷири корӣ ҳам патент месупорад, ҳам фонди нафақа месупорад. Дар аксари манотиқи Русия супоридани маблағ ба фонди нафақаро ҳам талаб  мекунанд.

Иззат Амон: Бале, ман дарк кардам, ки чиро дар назар доред. Патентпулӣ дар ҳар субъекти Русия ҳар гуна нарх дорад. Масалан, дар Маскав 5 ҳазор рубл аст. Боз агар муҳоҷир дар корхонаҳои давлатӣ ва ё ширкатҳо кор кунад, аз музди меҳнати ӯ ба андозаи 13%  ҳаққи андоз гирифта мешавад. Ин 13% албатта ба нафақапулӣ ва кӯмаки иҷтимоъӣ меравад.

Вале, дар ин кишвар, ки гуфтем, хараҷу мараҷ аст, ба сари муҳоҷир ин ду балоро бор кардаанд. Яъне, муҳоҷир, ҳам патентпулӣ медиҳад ва ҳам аз ҳисоби маошаш 13% андоз  боздошта мешавад. Ин албатта аз рӯи қонун нодуруст аст ва дар қонунгузории Русия ин ҳолатро “двойное налого облажение” мегӯянд. Коргар метавонад баъди як соли пурраи корӣ  ба шӯъбаи идораи андоз муроҷиат кунад. Ҳақ дорад, бо як гувоҳинома, ки давоми як сол аз маошаш боздошта шудааст, маблағе, ки давоми сол ба идораи андоз пардохтааст, бозпас гирад. Мутаасифона, 90% муҳоҷирон ин қонунро  намедонанд.

Радиои Паём: Барои аз ҳуқуқи худаш бохабар шудан ва иҷтимоиёти худашро ҳифз кардани муҳоҷир, ба ӯ чӣ намерасад. Чаро дар давоми ин бист сол муҳоҷирон то ба ин дараҷа нарасиданд. То ин ки аз  имкониятҳои қонунии кишвари мизбон истифода кунанд. Чаро чунин бошад?

Масалан, дар ҳар як шаҳру  минтақаҳои Русия мо медонем, ки диаспораҳо ҳастанд. Магар яке аз вазифаҳои диаспораҳо ин баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон нест? Ин диаспораҳо ва ҷамъияти тоҷикон, ки худашонро сабти ном кардаанд, чаро фаъол нестанд ё ақалан бо ҳамин масъалаҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқии муҳоҷирон машғул намешаванд?

Иззат Амон: Мо аслан диаспораи тоҷикӣ надорем. Дар назди сафорат як шӯрои ҷамъиятӣ дорем, ки дар як сол як бор ҷамъ мешаванд ё не. Як чойхӯраконе мекунанду мегузаранд, мераванд. Яъне, ҳеҷ кас парвои онро надорад, ки  муҳоҷирон ҳуқуқҳои худашонро намедонанд.

Мушкили дигари муҳоҷирон ҳам, ин аст, ки худашон саъйу кӯшиш надоранд, то аз ҳуқуқҳояшон бохабар шаванд. Онҳо, ки парво надоранд, на сафорат, на консулгарӣ ва на хадамоти муҳоҷират ва на ба қавли Шумо диаспора, ки мо дар Русия надорем, ҳеҷ кас аз пайи ин кор нест.

Радиои Паём: Коршиносон мегӯянд, ки ҳам ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам ҳукумати Русия як санади дурусте дар бораи нафақа ба имзо нарасонидаанд. Модоме, ки як санади дурусте ба имзо нарасидааст, ин ҳангомаҳо барои чӣ бошад?

Иззат Амон: Ҳамоне, ки дар аввал гуфтам. Ҷониби Русия бо воҳимаҳое, ки мо барои Тоҷикистон ин қадар имтиёз додем, ин қадар барои тоҷикон, барои муҳоҷирони тоҷик сабукиҳо овардаем, хостаҳои худро бароварда мекунанд.

Ин ҳангомаҳо низ дақиқан мисли ҳамон ҳангомаҳои пешина аст. Амнистия эълон карда гуфтанд, чандин ҳазор муҳоҷиронро ба истилоҳи русӣ аз рӯйихати “запретникон” баровардем, вале мо дидем, ки ин хел набуд. Онҳоеро, ки аз руйихати сиёҳ берун бароварданд, бо гузашти ду-се моҳ боз дар ҳамон варақаи  сиёҳи “запретникҳо” ҷой доданд. Бинобар, ман аз ин қарордодҳо ва ин ваъдаҳо аслан хушбин нестам. Чаро?

Бубинед, худи ҳамин соли гузашта Кремлин ҳадди аксари баромадан ба нафақаро зиёд кард, яъне аз 60 ба 65 бардошт. Ин ба хотири чӣ аст? Ба хотири он, ки буҷаи ин кишвар касод аст ва ин кишвар имкони таъмини нафақа ба шаҳрвандони худашро надорад. Шумо тасаввур кунед, ки ҳудуди 20 миллион муҳоҷир дар  ин кишвар кору фаъолият мекунанд. Бар замми он 40 миллион сокинони худи Русия, ки нафақахӯру нафақагиранд, боз 20 милион нафақагири муҳоҷир дар миёни инҳо зиёд мешавад. Яъне, ҳудудан 60 милион нафақахӯр. Ин барои як кишваре, мисли Русия, ки иқтисоди заъиф дорад, бисёр-бисёр кори мушкил аст.

Радиои Паём: Яъне, як кишваре, ки аз нафақа додан ба шаҳрвандони худаш мегурезад ва барои ин махсус қонунҳо қабул мекунад, чӣ гуна метавонад ба нафақахӯр-шаҳрвандони хориҷӣ нафақа пардохт кунад?

Иззат Амон: Бале, дақиқан.

Радиои Паём: Ҷониби Тоҷикистон мегӯянд, мо аз Русия талаб карда истодаем, ки ҳамон андози иҷтимоие, ки муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия месупоранд, Русия дар ихтиёри Тоҷикистон гузорад, то ин ки Тоҷикистон ба шаҳрвандони худаш нафақа ҷудо кунад. Ин кор то чи андоза аз ҷиҳати ҳуқуқӣ дуруст аст ва шуданист?

Иззат Амон: Ба истилоҳ, “Ба ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад” Ин кор аслан ношуданист ва  ҳукумати Тоҷикистон дар шаби хобаш мебинад. Тасаввур кунед, ки фақат як шаҳри Маскав соли 2018  ҳудуди 22 милиард рубл маблағро аз ҳисоби фурӯши патент ба даст овардааст.

Ҳукумати Русия аз ин миқдор маблағ ба ҳукумати Тоҷикистон ё ягон кишвари дигар оё омодааст, фонди нафақа ҷудо кунад? Ин як афсона аст ва ба қавли худи ҳамин русҳо “бред”. Яъне, як чизе, ки ба ҳақиқат наздик нест, як чизи аслан ношуданист. Бинобар, ҳукумати Тоҷикистон ҳар чӣ дилаш хост, гуфтан мегирад.  Вале, гумон накунанд, ки барои ин кор Кремлин иҷозат диҳад.

Радиои Паём: Худи Шумо ҳамчун ҳуқуқшинос ва  коршиноси самти муҳоҷират чӣ фикр доред? Чӣ бояд кард?

Иззат Амон:  Агар ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, ки вазъи муҳоҷиронашро дар ин кишвар ҳифз кунад, аввалин коре, ки метавонад бикунад, ин ворид шудан ба иттиҳоди гумрукӣ аст. Ин барои муҳоҷирон хеле-хеле сабукӣ меорад. Албатта, ин иқдом бар зидди манофеъи як идда монополистони тоҷику Тоҷикистонист, вале дар оянда, ворид шудан ба иттиҳоди гумрукӣ гумон мекунам, ҳам ба фоидаи Тоҷикистон  ва ҳам ба фоидаи муҳоҷирон дар Русия бояд бошад. Ин роҳ ба иқтисоди Тоҷикистон хеле фоидаовар аст. Худи муҳоҷирон аз гирифтани патент ва аз супоридани ҳармоҳа панҷҳазорӣ озод мешаванд. Ҳамин маблағҳо, сарфа мешаванд, ҳама ба буҷҷаи Тоҷикистон ворид мешавад.

Тасаввур кунед, ки ҳудуди 2 милион муҳоҷир дар ин ҷо ҳар моҳе аз ҳисоби панҷҳазорӣ  сарфа мекунанд ва ин пули сарфакардаашон ба иқтисоди Тоҷикистон ворид мегардад.

Радиои Паём: Дуруст аст, вале бубинед, ки Тоҷикистон, як кишвари истеҳсолгар нест, истеҳсолот надорад, содироти назаррас надорад. Чигуна метавонад дар пайванд шудан бар иттиҳоди Авруосиё бурд кунад? Фақат ҳамин масъалаи муҳоҷират аст бурда? Магар иқтисодаш касод намешавад?

Иззат Амон: Аввал ин , ки мо иктисод ҳам надорем. Дуюм ин, ки  мо ҳисоб кардем. Ҳимояи мавзӯи дисертасияи номзадиам дар мавзӯи иттиҳоди Авруосиё ва Иттиҳоди гумрукӣ буд. Чун ҳисоб карда баромадем, дидем, ки ҳукумати Тоҷикистон аз ворид шудан ба  ин иттиҳод ва узви комиҳуқуқ гаштан дар иттиҳоди Авруосиё комилан бурд мекунад. Мутахассисони Тоҷикистон ҳам инро хуб мефаҳманд ва дарк мекунанд.

Радиои Паём: Шумо метавонед ягон далел биёред?

Иззат Амон: Бале, масалан ҳеҷ кас инкор накардааст, ки ҳамасола, маблағе, ки муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд,  60% буҷҷаи кишварро ташкил медиҳад. Ҳоло ин 20 фоизаш бармегардад ба андоз, ба гумрук, яъне боз ворид мешавад ба Тоҷикистон. Бинед, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳам  комилан ба фоидаи Тоҷикистон аст.

Радиои Паём: Яъне, ба тарзи дигар гӯем, гуфтанӣ ҳастед, ки содироти асосии Тоҷикистон қувваи корӣ ё худ муҳоҷир  аст?! Ман шуморо дуруст фаҳмидам?

Иззат Амон: Сад дар сад .

***

Имрӯзҳо мо шоҳиди он ҳастем, ки  муҳоҷири тоҷик на фақат таъмингари буҷаи оилавии худ аст, балки хурандаҳои зиёд дорад. Аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ ба буҷаи Русия миллиардҳо рубл рехта мешавад.  Аз он ҷумла ба буҷаи Тоҷикистон низ.

Илова бар ин, муҳоҷири тоҷик боз чанд хурандаҳои дигар мисли даллол, корёбу миёнарав, даҳякҳиссаву бистякҳиссахурони беинсофи ба истилоҳ гапдону кордон,  ҳамчунин сафорату консулгариҳои ҳуҷҷатфурӯш, намояндагии вазорати муҳоҷират, меҳнат ва шуғлии аҳолии тоҷикистонро дорад.

Дар ивази ин, ҳама хурандаҳо, хусусан ҳукуматҳои ду кишвар наметавонанд як масъалаи нафақаи муҳоҷирро ба куллӣ ҳал намоянд. То моҳи май насиб бошад интизор мешавем, ки гуфтушунидҳо бо чӣ меанҷомад.

Бо умеди ҳалли мушкилиҳои муҳоҷирони кории тоҷик ва сарбаландиву саодати хонадони якояки мардуми кишвар.

 

 

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>