Имрӯз, 2 апрел Аббоси Ҷаводӣ, мудири барномаҳои Осиёи Марказии радиои «Озодӣ” аз вазифааш сабукдӯш гардид. Ба ҷои Соҷидаи Мирзо бошад Салим Аюбзод и.в. раиси бахши тоҷикии ин радио таъин шудааст. Дар ин бора сомонаи “Ахбор” иттилоъ додааст.
Сабаби расмии барканории Ҷаводӣ «баромадан ба нафақа” гуфта мешавад. Қаблан погоҳи таҳлилии Евазиянет Ҷаводиро дар ҳамдастӣ бо Соҷида Мирзо ба фаъолият ба нафъи ҳукумати Тоҷикистон муттаҳам крада буд.
Рӯзи 1 апрел раҳбарияти радиои «Озодӣ” Соҷидаи Мирзо, мудири бахши тоҷикии радиои «Озодӣ”-ро низ барканор карда буд.
Евразиянет дар як таҳлили чандсаҳифагӣ бо такя ба манобеъаш навишта буд, Соҷидаи Мирзо маводҳоеро, ки ба нафъи хонаводаи Раҳмон нестанд, ба сомона раҳ намедод. Ҳамчунин ӯ ба таблиғот алайҳи ҲНИТ ва ба нафъи ҳукумат муттаҳам шудааст.
Ба ҷои Соҷидаи Мирзо Салими Аюбзод, хабарнигори шинохтаи тоҷик ва аз кормандони собиқадори радиои «Озодӣ” иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши тоҷикии радиои «Озодӣ” таъйин карда шуд.