Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Мурофиаи Наимҷон Самеев паси дарҳои баста мегузарад

$
0
0

Санаи 5 апрели соли 2019 дар Боздошгоҳи мувақатии рақами 9/2 шаҳри Хуҷанд мурофиаи судии Наимчон Самеев машҳур ба домулло Наимҷон, собиқ раиси шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд баргузор хоҳад шуд.

Дар ин бора Абдурашид Самеев, писари домулло Наимҷон ба Паём хабар дод.

Зимни сӯҳбат бо мо Абдурашид Самеев гуфт, ки парвандаро додраси додгоҳи шаҳри Исфара Р .Юнусзода пеш мебарад, аммо мурофиаи судӣ дар боздоштгоҳи рақами 2 баргузор мешавад.

Ӯ ҳамчунин гуфт, Юнусзода, додраси додгоҳи шаҳри Исфара  ба Абдурақиб Самеев, яке аз фарзандони Самеев иҷозат додааст, ки рӯзи 3 апрел дар боздоштгоҳ бо падараш боздид кунад. Ӯ мегӯяд умедвор ҳастанд, ҳамчунин ба бобояш низ мақомот иҷозат хоҳанд дод, то бо писараш дидорбинӣ кунад.

Дар иҷозатномаи додраси шаҳри Исфара, ки дастраси Паём шуд, гуфта шудааст, додгоҳи шаҳри Исфара барои вохурӣ намудани судшаванда Самеев Наим Абубакрович, ки бо моддаҳои 187 қисми 2, 307 иловаи 3 қисми 2, 307 иловаи 2 қисми 2 ва 195 қисми 1 Кодекси ҷиноии ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста шудааст, ба фарзандаш Самеев Абдурақиб ба санаи 3 апрели соли 2019 иҷозат медиҳад.

Абдурашид Самеев зимни сӯҳбаташ бо мо аз хабарнигорони васоити ахбори умум, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои ҳуқуқӣ хоҳиш кард, ки дар қазияи падараш бетараф набошанд.

Самеев  Наимҷон Абубакрович, мутаваллиди соли 1962 аз соли 2008 то 2012 масъулияти раёсати шӯъбаи вилоятии ҲНИТ дар Суғд, сипас то соли 2014 бахши ноҳиявии онро раҳбарӣ кардааст. Наимҷон Самиев солҳои 2000-2005 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд интихоб шудааст. Соли 2014 аз Тоҷикистон хориҷ шуда, то боздошташ дар Русия ба сар мебурд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>