Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Пулисе, ки занро латукӯб карда буд, аз ҷавобгарӣ озод шуд

$
0
0


Сафарбек Маҳмадсаидзода, корманди пулиси шаҳри Душанбе, ки сокини ноҳияи Рӯдакӣ Шамсова Мадинаро латукӯб карда буд, аз ҷавобгарӣ озод шуд. Додситонӣ аз боз кардани парванда алайҳи ӯ даст кашидааст.

Сабаби озодшавии ӯ аз ҷавобгарӣ, тибқи хулосаи додситонӣ, ҳимояи худаш ва атрофиён аз зани маст будааст.

«Гуфтаҳои шоҳидон ва наворҳои дигар нишон дод, ки ин зан аввал ба корманди милиса афтода, ба ӯ ҳамла мекунад. Корманди милиса бо талоши пешгирӣ аз ҳамлаҳои ӯ ва нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ба ҳамлаҳои ӯ танҳо посух гардонидааст. Корманди милиса дар ҳолати «казармавӣ» қарор дошт ва дар рӯзи Наврӯз супориши қатъӣ гирифта буданд, ки аз ҳар бетартибӣ пешгирӣ кунанд»,- иттилоъ медиҳад Озодӣ бо истинод ба манбаъаш.

Аммо дар наворе, ки он замон аз тарафи як шоҳид нашр шуда буд, дида мешавад, пулис занро латукӯб мекунад. Чаро ӯ занро ба ҷои боздошт кардан латукӯб кардааст ва ин амалаш мутобиқ ба қонун аст ё на, додситонӣ шарҳ надодааст.

Рӯзи 21 март дар шабакаҳои иҷтимоӣ ду навор пахш шуд, ки лутукӯби як зан аз тарафи пулисро сабт кардаанд.

Дар навори аввал дида мешавад, як пулис ба назди зане, ки дар назди панҷарае кадом биное истодааст омада, ба латукӯби бераҳмонаи ӯ оғоз мекунад. Ҳарчанд зан фарёд мезанад, ки “Назан!” пулис сахттар латукӯбаш мекунад.

Муаллифи навор навиштааст, ки ҳодисаи нангин назди бинои вазорати дифоъ имрӯз, 21 март ба вуқӯъ пайвастааст.

Чанд мард ҳам аз назди он зан ва пулиси бераҳм убур мекунанд, аммо чизе намегӯянд.

Дар навори дуввум ҳамон зан дар замин хобидааст ва пулис мекӯшад ӯро ба по рост кунад. Маълум нест зан аз зарбаи пулис афтидааст ё бо сабаби дигаре.

Ҳодисаи латукӯби шаҳрвандон аз тарафи пулиси Тоҷикистон зиёд расонаӣ мешавад. Мавридҳои ҷон додани чанд нафар аз латукӯбу шиканҷа низ ба қайд гирифта шудаанд.

Чанд рӯз қабл аз ин ҳодиса ҷавоне дӯстдухтарашро латукӯб карда буд ва пулис ӯро давоми чанд соат пайдо ва боздошт кард.

Ин ду навор, ки дар гурӯҳи фейсбукии “Мо Тоҷикистонием” нашр шуда буд, як рӯз пас аз нашр ҳазф шуданд.



Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>