Имрӯз дар парлумони Қирғизистон, зимни баррасии хушунати чанд рӯз қабл дар сарҳад бо Тоҷикистон, баҳси тезутунде сурат гирифт, иттилоъ медиҳад хабаргузории 24.kg.
Вакили маҷлис Каромат Озорова дар ҷаласаи Жокоргу Кенеш (парлумони Қирғизистон), ки паси дарҳои баста сурат гирифт, пешниҳод кард ба Оқ-Сой мақоми стротежӣ дода шавад. Ӯ ҳамчунин хоҳиш кард се шаҳрванди ин кишвар — Мирбека Жураева, Улукбека Жаныкулова и Акилбека Тойчиева, ки дар хушунатҳои сарҳадӣ захм бардоштаанд, бо медали “Данк” мукофотонида шаванд.
“Хоҳиш мекунам, давлат шаҳрвандонеро, ки бидуни силоҳ сарҳадро ҳимоя мекунанд, аз лиҳози моливу равонӣ дастгирӣ намояд. Вақте мо ба онҷо рафтем, мардум пеш аз ҳама сулҳу осоиштагӣ талаб кард. Бинобар набудани ин ду, занҳо кӯдакони носолим ба дунё меоваранд ва аз бемориҳои равонӣ ранҷ мебаранд. Бояд мушкили сарҳад ҳарчӣ зудтар ҳал карда шавад” — гуфтааст ин вакил.
Озорова ҳамчунин пешниҳод кард ба хонаводаҳое, ки ҳангоми хушунат зарар диданд, кӯмаки якдафъаинаи молӣ дар ҳаҷми 300 ҳазор сом ($4300) расонида шавад.
Ӯ дархост кард мақомоти ҷузъҳои сарҳадбонӣ ва интизомӣ дар ин минтақа пурқувват карда шуда, масъалаи таъмини об дар Оқ Сой ҳал гардад, шумори крмандони тиб дар онҷо бештар ва бахши ҷарроҳӣ кушода шавад.
Гуфтанист, яке аз хавфҳои сокинони Воруху Чоркӯҳ аз роҳсозии қирғизҳо дар Оқ Сой ин аст, ки қирғизҳо мехоҳанд ба саргаҳи об дастрасӣ пайдо кунанд ва роҳи обро ба самти манотиқи худашон гардонанд.
Дар ҳамин ҳол, дар Исфара болои онҳое, ки дар ин хушунат ширкат доштанд ва аз хонаҳои худу сарҳади кишвар ҳимоя мекарданд, фишор оварда мешавад. Тибқи иттилоъи манобеъи гуногун, бештари онҳоеро, ки дар занозанӣ бо қирғизҳо ширкат карда буданд, ба пулис ва додситонӣ даъват карда, бо роҳи фишору таҳдид ба кушодани парванда, аз онҳо ришва ситонида шудааст.
Ба зудӣ таҳқиқоти Паём дар ин мавзӯъ нашр хоҳад шуд. Мо чанд далел аз фишри мақмот боли шаҳрвандони ҷарбдида дар даст дорем. Аз дигар ҷабрдидаҳо ва шоҳидон ҳам хоҳиш мекунем, ҳар далеле дар ин маврид дар даст доранд ба мо ирсол намоянд. Шахсияти ҳеҷ нафар бидуни розигии шахсии ӯ аз тарафи Паём ошкор карда намешавад.