Имрӯз 5 апрели соли 2019 дар Боздошгоҳи мувақатии рақами 9/2 шаҳри Хуҷанд мурофиаи судии Наимҷон Самеев машҳур ба домулло Наимҷон, собиқ раиси шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд баргузор шуд.
Дар ин бора Абдурашид Самеев, писари домулло Наимҷон ба Паём хабар дода гуфт, дар мурофиа ба ҷуз бобояш, ҳамчунин Абдусаттор Бобоев, ки ба 11 соли зиндон маҳкум шуда, дар маҳбас ба сар мебарад ҳамчун шоҳид ширкат кардааст.
Имрӯз дар мурофиа асосан иттиҳоми тибқи моддаи 195 қисми 1, нигаҳдории силоҳ баррасӣ шудааст.
Бино ба гуфти Абдурашид Самеев мурофиаи суди навбатӣ рӯзи сешанбе, 10 апрел соати 9 дар боздошгоҳи мувақатии рақами 9/2 шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад шуд. Парвандаро додраси додгоҳи шаҳри Исфара Юнусзода пеш мебарад, аммо мурофиаи судӣ дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.
Абдурашид Самеев ба Паём гуфт аз аҳли хонадонашон дар мурофиаи судӣ танҳо ба бобояш, яъне падари Наимҷон Самеев иҷозаи ширкатро додаанду халос. Ин ҳам бошад, падари домулло Наимҷон на ҳамчун узви оилаи судшаванлда, балки ҳамчун шоҳид алайҳи писараш ширкат кардааст.
Аммо Абубакр Самееви 82 сола, падари домулло Наимҷон гуфтааст, тамоми иттиҳом алайҳи писараш сохтакорона ва бардуруғ аст. Ӯ дар мурофиа гуфтааст, соли 2014 маҷбур карда буданд, ки ба қоғазе имзо гузорад, аммо нагуфтанд, ки ҳамчун шоҳид бояд тасдиқ кунам, ки дар ҳақиқат аз хонаамон тири силоҳ ёфт шуд.
Тибқи манбаъ соли 2014 вақте мақомот сохтакорона аз хонаи Наимҷон Самеев 20 додани тири силоҳи сабук меёбанд, дар протокол ҳамчун шоҳид аз падари Наимчон Самеев талаб мекунанд, ки ӯ имзо гузорад. Аз ин рӯ ӯ дар суд ҳамчун шоҳид алайҳи писараш ширкат дорад.
Самеев Наим Абубакрович, бо моддаҳои 187 қисми 2, 307 иловаи 3 қисми 2, 307 иловаи 2 қисми 2 ва 195 қисми 1 Кодекси ҷиноии ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста шудааст. Абдурашид Самеев зимни сӯҳбаташ бо мо аз хабарнигорони васоити ахбори умум, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои ҳуқуқӣ хоҳиш кард, ки дар қазияи падараш бетараф набошанд.
Самеев Наимҷон Абубакрович, машҳупр ба Домулло Наимчон, мутаваллиди соли 1962 аз соли 2008 то 2012 масъулияти раёсати шӯъбаи вилоятии ҲНИТ дар Суғд, сипас то соли 2014 бахши ноҳиявии онро раҳбарӣ кардааст. Наимҷон Самиев солҳои 2000-2005 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд интихоб шудааст. Соли 2014 аз Тоҷикистон хориҷ шуда, то боздошташ дар Русия ба сар мебурд.