Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД Тоҷикистон ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе дар мактабҳо рейд мегузаронад.
Ин раёсат бо ҳадафи гузаронидани рейдҳо байни мактаббачагон комиссиюни махсусе таъсис додааст. Онҳо асосан ҷувздони хонандагонро тафтиш мекунанд, то мабодо телефони дастӣ ё кадом чизи мамнӯъе бо худ надошта бошанд.
Ҳамчунин ин “комиссиюн” ба худ иҷоза медиҳад ба синфҳо даромада на танҳо бо муаллимон, балки бо хонандагон ҳам гуфтугӯ кунад. Зери пӯшиши “гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ.
Манобеъи Паём мегӯянд, кормандони пулис ба хонандагон таҳдид мекунанд, ки дар сурати ҳарфи баде дар қиболи раисҷумҳур гуфтан ё муошират бо “одамони нодуруст”, онҳоро зиндон барои солҳои тӯлонӣ интизор аст. Ин ҳарфҳо худ ба худ тухми тарс мекоранд ва наврасонро “гапдаро” мекунанд.

Як манбаъ, ки муаллими мактаб аст, гуфт замоне ки кормандони пулис дар мактаб пайдо мешаванд, дар чеҳраи аксари хонандагон нишонаи тарс дида мешавад.
Шариф Назаров сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар Душанбе қаблан дар мусоҳибааш гуфта буд, ки тафтиши рӯзҳои панҷшанбе дар макотиб “Рӯзи мактаб” нмида шудаанд.
““Рӯзи мактаб” ба хотири пешгирӣ аз ҷиноёт, ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва ҷалби хонандагон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ таъсис шуда буд. Кормандони пулисе, ки ба мактабҳо вобаста шудаанд, ҳамроҳ бо раҳбарияти макотиб бо хонандагони душвортарбия ва пешвоёни ғайрирасмии онҳо корҳои тарбиявӣ мебаранд” — мегӯяд Шариф Назарзода.
Ӯ ҷой доштани ҳолатҳои мусодираи телефонҳои хонандагон ва тафтиши ҷувздонҳои онҳоро рад мекунад.
Вазорати корҳои дохила дар ҳоле ба тарбияи хонандагони мактаб машғул шудааст, ки солҳост дар ҷомеъа аз бетарбиягии худи кормандони он ҳарф мезананд. Ҳар сол даҳҳо ҳодисаи латукӯби шаҳрвандон, истифодаи дашномҳои қабеҳ, мусодираи ғайриқонунии амволи мардум, ришваситонӣ аз тарафи кормандони ин вазорат расонаӣ мешаванд.
Аз тарафи дигар аксари кормандони ин ниҳод маълумоти дурусти ҳатто мактаби миёнаро надоранд. Сули матраҳ ин аст, ки чӣ гуна як ниҳоди саропо фасодзада ва камсавод метавонад ба тарбияи хонандагн машғул бошад?