Ҷалолиддини Маҳмуд, собиқ узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, узви Раёсати олӣ ва мушовири сиёсии раиси Ҳизби наҳзати исломӣ аз зиндон озод шудааст.
Ин хабарро чанд фаоли сиёсӣ аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба Паём тасдиқ карданд.
Ҷалолиддини Маҳмуд моҳи феврали 2015 аз сӯи маъмурони амниятии кишвар боздошт шуда буд.
Мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ӯро сохтакорона, барои нигоҳдории силоҳ дар хонаи яке аз дӯстонаш дар деҳаи Ҷуқураки Болои ноҳияи Ҳисор айбдор карда буданд.
Мақомот дар гузориши худ гуфта буданд, ки дар пайи кофтукоби манзили Латиф Сардоров, сокини деҳаи Чуқураки Боло, 2 таппончаи тамғаи Макаров, 4 тирдон, 51 тир ва 1 запали таркандаи норинҷаки дастӣ пайдо шудааст, ки ин ба Ҷалолиддини Маҳмуд дахл дорад.
Ҳамин тавр Додгоҳи ноҳияи Ҳисор 20 июли соли 2015 Ҷамолиддин Маҳмудовро бо иттиҳоми ғайриқонунӣ дастрас намудан, нигоҳ доштан, интиқол додан аз як ҷо ба ҷои дигар ва ба касе додани силоҳ ба 5 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кард.
Ин иттиҳоми мақомот дар ҳоле буд, ки Ҷалолиддини Маҳмуд аз шахсоне буд, ки дар душвортарин рӯзҳои миллат, масъулияти вазнину хатарнокро ба дӯш гирифта, дар расидан ба сулҳу амният саҳми беназир гузоштааст. Бояд гуфт худи ҳамон соли 2015 номзадии Ҷалолиддин Маҳмуд чанд моҳи пеш аз баргузории интихобот барои узвият дар Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шуда, боздошти ӯ дар айни ҳол комилан зидди мантиқу воқеият буд.