Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Поп Фронсис: силоҳи аврупоӣ ва амрикоӣ барои куштори кӯдакон истифода мешавад

$
0
0

Поп Фронсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон аз Аврупо ва Иёлоти муттаҳидаи Амрико ба хотири фурӯши ҷангафзор дар манотиқи буҳронӣ ва даргири ҷанг ба шиддат интиқод ва сарзаниш кард. Вай ба низоъҳои мусаллаҳона дар Афғонистон, Сурия ва Яман ишора кард.

Хабаргузории Ассошейтн Пресс ба нақл аз Поп Фронсис навишта, ки Аврупо ва Амрико бо фурӯши ҷангафзор дар манотиқи даргири низоъҳои мусаллаҳона мисли Сурия, Яман ва Афғонистон даргириҳоро шӯълавар нигаҳ дошта ва боиси ба миён омадани қурбониҳои зиёде мешаванд.

Поп ин изҳороташро замоне баён намуд, ки рӯзи шанбе барои донишҷуён ва устодони донишгоҳи Сан Карло дар шаҳри Милан суханронӣ мекард.

Раҳбари масеҳиёни католики ҷаҳон гуфт, далели ин ки чаро ин ҳама даргирӣ ва низоъҳо дар атрофи ҷаҳон вуҷуд дорад ин аст, ки «Аврупо ва Амрикои сарватманд ҷангафзор мефурӯшанд… Силоҳҳое, ки барои куштори мардум ва кӯдакон истифода мешаванд».

Поп Фронсис изофа кард, ки кишварҳое мисли Афғонистон, Яман ва Сурия мумкин набуд бидуни аслиҳа даргири чунин ҷангҳое шаванд.

Раҳбари масеҳиёни католик афзуд: «кишваре, ки ҷангафзор тавлид карда ва мефурӯшад, дар асл дар қатли ҳар кӯдак ва хароб шудани ҳар хонавода даст дорад. Ин мо ҳастем, ки метавонем тағйир эҷод кунем».

Итолиё яке аз кишварҳои узви Паймон низомии Атлантики шимолӣ ё НАТО мебошад, ки дар ҳоли ҳозир дар маъмурияти ҳимояти қотеъи ин паймон дар Афғонистон сарбоз дорад. Ин кишвар беш аз якуним даҳа аст, ки дар ҷанги Афғонистон дар канори Иёлоти муттаҳидаи Америко ва дигар муттаҳидони аврупоияш саҳм дорад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>