Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Кабирӣ: Пулҳои дар офшорҳо ҷамъовардаи Раҳмон ва хонаводааш аз ММД ва буҷаи Тоҷикистон бештар аст

$
0
0

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), раиси ҲНИТ ва вакили собиқи парлумони Тоҷикистон гуфт пулҳое, ки Эмомалӣ Раҳмон ва хонаводааш аз кисаи мардум дуздида, ба ҳисобҳои офшории худ дар хориҷ аз кишвар фиристодаанд, бештар аз маҷмӯъаи маҳсулоти дохилаи (ММД) ва буҷаи кишвар ҳастанд.

Раҳбари Паймони Миллӣ, ки шоми ҷумъа, 5 апрел дар пахши мустақим бо мардум сӯҳбат мекард ба масоили иқтисодӣ пардохт. Дар ҷараёни сӯҳбат ӯ бархе аз дуздиҳои раисҷумҳури Тоҷикистон ва хонаводаи ӯро ошкор кард ва гуфт ба зудӣ далоили арқоми дигареро ҳам ироа хоҳад кард.

“Тибқи маълумотҳое, ки ахиран ба даст омад, пулҳое, ки аз ҳисоби мардуми Тоҷикистон дар суратҳисобҳои хориҷӣ Эмомалӣ Раҳмон бо хешу табораш ҷамъ кардааст, аз маҷмӯъаи маҳсулоти дохила ва буҷаи кишвар бештар аст” — гуфт Муҳиддин Кабирӣ.

Собиқ вакили парлумони кишвар гуфт ба он хотир рақамҳои аниқро зикр намекунад, ки мунтазири рақамҳову далоиле аст, ки бояд ба зудӣ дастрас шаванд: “Набояд мову шумо дар телевизион нисбати як кас тӯҳмат кунем, дурӯғ гӯем ва бе асос гап занем. Бояд аввал санад дошта бошем, ки дақиқан чанд миллиард ҳаст”.

Раҳбари Паймони Миллӣ изҳор кард, пулҳое, ки аз Тоҷикистон тавассути аъзои оилаи Эмомалӣ Раҳмон чӣ аз пулҳои тилло, барқ, алюминий ва чӣ пулҳое, ки аз роҳҳо ҷамъ мегарданд, дар суратҳисобҳои офшорие ворид мешаванд, ки ба номи хешовандони раисҷумҳури Тоҷикистон боз шудаанд, аз ҷумла дар офшорҳои ҷазираҳои Вирҷиниёи Бритониё. “Ин он чизе, ки ҳоло маълум аст ва шояд дар офшорҳои дигар, мисли офшорҳои Панама, Кипр ва ҷойҳои дигар ҳам бошад” — таъкид кард Кабирӣ.

Раиси ҲНИТ баҳси додгоҳии чанд сол қабли ширкати алюминии Тоҷикистон — ТАлКо бо соҳибкор Аваз Юлдошевро хотиррасон кард, ки дар он ҷониби Тоҷикистон аввал алайҳи Юлдошев даъво кард, аммо сипас пардохти тамоми ҷаримаҳо ва хароҷоти додгоҳро ба дӯш гирифт, то ин баҳси додгоҳӣ қатъ гардад. “Худашон ба додгоҳ доданд, вале вақте диданд, ки додгоҳ талаб кард ин суратҳисобҳо ошкор карда шавад, дархост карданд, ки додгоҳи худашон даъвокарда баста шавад. Тамоми хароҷотҳоро дар ҳаҷми  наздики 200 миллион доллар барои ин додгоҳ ҳукумати Тоҷикистон аз буҷаи кишвар, аз пули мову шумо пардохт кард. Барои дуздиҳои худашонро пинҳон кардан”.

Раҳбари Паймони Миллӣ гуфт “додгоҳ вақте ошкор кард, ки ин суратҳисобҳо дар ҷазираҳои офшории Вирҷиния ба номи додарарӯси президент Ҳасан Асадуллозода сабт шудаанд, инҳо фаҳмиданд, ки аллакай ин суратҳисобҳо боз мешаванд, маблағҳо ошкор мешаванд ва кор аз ин бадтар мешавад. Гуфтанд, биё ин дусад миллион долларро ҳам пардохт кунем”.

Муҳиддин Кабирӣ ҳамчунин изҳор кард, ки ҳам Сомонэйр ва ҳам ширкате, ки ба ТАлКо маводи хом ворд мекунаду алюминии тозаро ба бозори ҷаҳонӣ мебарорад дар офшорҳо ба қайд гирифта шудаанд. Ӯ гуфт ин ширкат тақрибан ҳеҷ андозе ба буҷаи Тоҷикистон пардохт намекунад ва корхонаи алюминбарории Тоҷикистонро чун як осиёб истифода мекунад.



Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>