Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Чаро ҳукумат барқро ба аҳолӣ неву ба хориҷ мефурӯшад? Посухи раҳбари ПМТ (навор)

$
0
0

Раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон сабаби бидуни барқ гузоштани аҳолии кишвар ва ба хориҷ фурӯхтани онро шарҳ дод. Ӯ гуфт пулҳои бадастомада аз содироти барқ ба суратҳисобҳои офшорӣ дар хориҷ аз кишвар мераванд, ки ба аъзои хонаводаи раисҷумҳури Тоҷикистон таъаллуқ доранд.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллӣ, ки шоми ҷумъа, 5 апрел дар пахши мустақим бо мардум сӯҳбат мекард, гуфт яке аз васоити дуздии хонаводаи раисҷумҳури Тоҷикистон фурӯши барқ ба хориҷи кишвар аст. “Ҳатто пули барқе, ки имрӯз ба миллат намедиҳаду ба хориҷ мефурӯшад, ба буҷаи Тоҷикистон ворид намешавад. Ин пул мустақиман ба суратҳисобҳои хориҷӣ меравад, дар ҳисобҳои шахсӣ ҷо мегирад” — изҳор дошт Кабирӣ.

Ӯ гуфт: “Суол ба вуҷуд меояд, ки чаро президент барқро ба хориҷ неву ба миллати худаш намефурӯшад. Нархи 1 Кв/с барқ дар Тоҷикистон   сент аст. Барои муқоиса дар Қирғизситони ҳамсоя 1 сент. Тоҷикистон барқро чӣ ба дохил ва чӣ ба хориҷ бо нархи баробар мефурӯшад. Ҳатто дар тобистон барқро ба Ӯзбекистон аз аҳолии худамон арзонтар мефурӯшад. Аммо дар зимистон аҳолии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барқро бо як нарх мехаранд”.

Вакили собиқи парлумони Тоҷикистон дубора суол гузошт, ки чаро ба ҷои фурӯхтани ҳамин барқ ба хориҷ ба ивази ду сент ва ҷорӣ кардани лимит ба аҳолии худ, онро бо ҳамин нарх дар дохил намефурӯшанд. Дар ҳоле, ки мардум пули барқро пурра падохт мекунад ва дар сурати пардохт накардан, сими барқро мебуранд. “Сабаб як чиз аст — шарҳ дод Кабирӣ, — агар ба аҳолӣ бифурӯшад, аҳолӣ пули барқро аз тариқи бонкҳо пардохт мекунад ва ин пули мардум вориди ҳисобу китоби бонкии Тоҷикистон мешавад. Аз ин дуздидан дигар душвор аст.”

Раҳбари Паймони Миллӣ изҳор дошт маблағи фурӯши барқ ба хориҷ ба Тоҷикистон ворид намешавад, балки мустақиман аз онҷо ба суратҳисобҳои шахсии хонаводаи раисҷумҳури Тоҷикистон дар офшорҳо меравад.

“Барои ҳамин президент манфиатдор аст, ки барқро ба хориҷиҳо бифурӯшад, на а аҳолии худаш” — хулоса кард Кабирӣ.

Ӯ ваъда кард, ки ба зудӣ тамоми роҳҳои фурӯши барқ ба хориҷ ва маблағҳое, ки аз фурӯши он хонаводаи раисҷумҳур ба даст меорад ва ба офшорҳо мефиристад ифшо хоҳанд шуд. Аммо гуфт, мардум бояд бидонанд, ки то замоне дар хориҷ барқи Тоҷикистон харидор дорад, барқро раисҷумҳур на ба аҳолии кишвар, балки ба хориҷиҳо хоҳад фурӯхт, ҳатто агар нарх баробар аст, то маблағҳои бадастомадаро ба офшорҳо бифристад.

Раҳбари Паймони Миллӣ дар ин сӯҳбаташ изҳор кард, ки ба зудӣ далелҳое дар даст хоҳад дошт, ки хонаводаи раисҷумҳури Тоҷикистон дар суратҳисобҳои офшории худ чӣ қадар маблағҳои дуздидашуда аз мардуми кишварро пинҳон кардаанд.  

“Тибқи маълумотҳое, ки ахиран ба даст омад, пулҳое, ки аз ҳисоби мардуми Тоҷикистон дар суратҳисобҳои хориҷӣ Эмомалӣ Раҳмон бо хешу табораш ҷамъ кардааст, аз маҷмӯъаи маҳсулоти дохила ва буҷаи кишвар бештар аст” — гуфт Муҳиддин Кабирӣ.  



Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>