Фарзанди яке аз зиндониёни сиёсӣ эълон кардааст, пас аз 5 соли хомӯшӣ ба зулмҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, билохира тасмим гирифтааст даст ба эътироз занад. “Бидонед, ки зулми шумо маро маҷбур кард, то дигар сокит набошам ва барои озодии падарам ва дигар бегуноҳон бархезам ва талош кунам” навиштааст ӯ бо хитоб ба мақомоти Тоҷикистон.
Муллоидӣ Мирзоолимзода писари Мирзоолим Холов, зиндонии сиёсӣ ва собиқ раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Мастчоҳ бо нашри муроҷиате дар саҳифаи фейсбукиаш, аз фишору таҳдиди мақомоти Тоҷикистон ба хонаводааш хабар додааст. “Муддати 5 ё 6 сол аст, ки хонаводаи мо ва наздиконамон таҳти фишору таҳдиди мақомот, ба хусус КДАМ қарор дорем” — навиштааст ӯ.

Мирзоолимзода навиштааст мақомот пайваста ба хонаводаи онҳо ваъда медоданд, ки сокит бошанд, то падараш озод гардад, аммо фишору таҳдиду таъқибро кам намекарданд. Ӯ аз ҳолатҳои шиканҷа ва ришваситонӣ аз наздиконаш низ хабар додааст.
Ин фарзанди маҳбуси сиёсӣ гуфтааст дигар замон сукут гузашт ва ӯ барои озодии падараш ва дигар зиндониёни сиёсӣ ба пой хоҳад хест. “Ман ба хотири зулми шумо шурӯъ кардам пас то поёни зулматон мубориза хоҳам бурд!” — навиштааст Миозоолимзода дар поёни муроҷиаташ.
Дар сӯҳбат бо Паём Муллоидӣ гуфт хонаводаи онҳо ҳамеша зери фишор қарор дорад. «Гоҳе амакамро мебаранд, гоҳе додарамро ва гоҳе писари амакамро. Ҳатто писари амакамро, ки дар донишгоҳ дарс мегӯяд, мехостанд аз кор озод кунанд» — изҳор дошт ӯ.
Ба гуфтаи Муллоидӣ боре хостаанд додарашро ба ҳабс гиранд. Сабабаш ҳам ин будааст, ки дар телефони дастиаш амр ба маъруфи Эшони Нуриддинро пайдо кардаанд. Танҳо баъди дахолати мӯйсафедони деҳа, додарашро озод кардаанд.
Дар посух ба ин суол, ки оё падараш шиканҷа намешавад, ӯ гуфт чизе, ки медонад ин аст, ки баъди боздошташ 8 моҳ аз дарди шадиди андон ранқ бурда, аммо ба наздаш духтуронро роҳ надодаанд. Ҳамчунин ӯ аз эътирофи як корманди КДАМ аз истидогарии падарш алайҳи фишорҳо қисса кард. Ин қиссаи ӯ ва дигар посухҳояш ба зудӣ дар шакли мусоҳиба дар радио ва сойти Паём нашр хоҳад шуд.
Матни муроҷиати Муллоидӣ Мирзоолимзода ба шакли зер аст:
Мақомоти Мастчоҳ ба ҷои салла калла мебаранд ё “дастури боло” воқеан зидди инсонист?
Муддати 5 ё 6 сол аст, ки хонаводаи мо ва наздиконамон таҳти фишору таҳдиди мақомот, ба хусус КДАМ қарор дорем. Бо ин иктифо накарда 23.09. 2015 падарам Холов Мирзоолимро бидуни ҳеҷ гуноҳе ба муддати 16 сол аз озодӣ маҳрум намуданд. Пас аз он ҳамаи хонавода ва ман ҳам сукут кардем ва ҳеҷ эътирозе накардем. Аммо мисле, ки мақомоти Мастчоҳ аз сукути мо нороҳатанд ва мехоҳанд мо ҳам эътироз кунем. Зеро фишору таҳдидашонро на танҳо кам накарданд, балки болои хешовандонам бештар ҳам карданд.
Аз ҷумла даъват ва бозпурсӣ аз бародарам, амакам ва ҳатто падарарусам ва дар мавридҳое шиканҷа кардан ва ришва ситондан аз онҳо ҳам дар корномаи ин мақомот ҳаст, ки дар оянда дар бораашон бештар хоҳам гуфт ва агар лозим бошад ба додгоҳҳои байналмилалӣ ҳам шикоят хоҳам кард.
Аммо худи ман бо вуҷуди онки падарам дар зиндон буданд, то ҳол ба хотири ваъдаҳои мақомот, ки ҳамеша мегуфтанд ба зудӣ падарат озод мешавад даст ба ҳеҷ коре назадам, сукут кардам ва ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам фаъол набудам. Вале чанд вақт пештар хонаводаву хешовандони ман ба хотири онки дар листи дӯстони ман мухолифон қарор доранд ва ман навиштаи нҳоро писандидаам(лайк мондаам) мавриди бозпурсӣ ва фишору таҳдид қарор гирифтаанд.
Ман ҳамчун инсони озод ва фарзанди як зиндонии сиёсии бегуноҳ оё ҳуқуқ надорам акси падарамро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кунам?
Оё ман ҳуқуқ надорам ба ин кори ҳукумат ҳамчун фарзанд эътироз кунам?
Магар эътироз ба ҳукми золимонаи суди шумо ҳам ҷурму ҷиноят аст?
Магар шумо даъвои демократия надоред?
Пас огоҳ бошед, ки аз ин пас ман аз ҳуқуқи падарам дифоъ мекунам ва ба хотири озодии ӯ тамоми талошамро хоҳам кард. Ман агар то имрӯз зери фишори хонавода ва хешовандонам сукут кардам ва ба хотири риояти ҳоли онҳо чизе нагуфтам, азоби виҷдон доштаму дорам, ки дар муқобили падарам кутоҳӣ кардам. Аммо ҳол мебинам, ки мақомот дигар ягон ҷинояте намондааст, ки дар муқобили хонавода ва хешовандонам анҷом надода бошанд. Пас сукути ман ҳам фоида накардааст. Аз ин пас дигар сукут нахоҳам кард. Ман, ки худам ҳам дарси ҳуқуқ хондаам аз ин пас барои озодии падари бегуноҳам тамоми талошамро хоҳам кард. Дигар таҳдиди хонаводаву хешовандонам ҳам наметавонад маро боздорад, зеро шумо аз ҳад гузаштед ва ҳатто ҷиноят кардед.
Бояд инро ҳам зикр кунам, ки раисони КДАМ дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамеша аз ҷануби кишвар оварда мешаванд. Раиси пешини КДАМ Илҳом Нусратшоев аз Хатлон буд. Салимзода Аҳрор бошад мисли аксарияти кормандони ин ниҳод ва раисаш аз ноҳияи Фархор мебошад.
Намедонам шояд ин мақомоти ноҳияи Мастчоҳ буданд, ки ба ҷои салла калла мебурданд ва ё дастур аз боло будааст ба гуфтаи худашон, аммо дигар сабрам лабрез шуд.
Бидонед, ки зулми шумо маро маҷбур кард то дигар сокит набошам ва барои озодии падарам ва дигар бегуноҳон бархезам ва талош кунам. Ман ба хотири зулми шумо шурӯъ кардам пас то поёни зулматон мубориза хоҳам бурд!
Муллоидӣ Мирзоолимзода